Ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаӣ дар Ҷопон. Ин фоҷеа 10 сол пеш рух дода буд
Чоп шуд: 11/03/2021 | redaktorҶопон ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии Фукасиморо дар даҳумин солгарди ин фоҷеа гиромӣ медорад. Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 11 март зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст. Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт.