10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.
Худи ҳамон рӯз Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ба ҳайати шахсӣ муовинони нави Раиси Кумитаро муаррифӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии гарнизони Душанбе иштирок намуданд.
Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода муҳим будани кори идораи наҷот ва муносибати масъулиятнок ба иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашонро зикр намуд. Вай ба кори минбаъдаи онҳо комёбиҳо хост ва ҳамзамон ба он таъкид кард, ки пешгирӣ аз офатҳо ва таъмини бехатарии сокинон аз онҳо вобаста мебошад.