Шаҳри Пекин дар гирдоби тӯфони регӣ. Рӯйдоде, ки даҳсолаҳо собиқа надоштааст
Чоп шуд: 15/03/2021 | redaktorСубҳи имрӯз-душанбе пойтахти давлати Чин бо як тумани ғализ пӯшида шуд. Ин як тӯфони регие буд, ки даҳсолаҳо ба инҷониб собиқа надоштааст. Бар асари ин нишондиҳандаҳои ҳавои ғализ дар Пекин ва баъзе ноҳияҳои атрофи он 160 баробар бештар аз ҳадии тавсияшаванду буд. Садҳо ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳо интизори парвозанд, вале осмон ба ҳадде тира аст, ки ин корро амалан номумкин гардондааст.