Бо мақсади таъмини бехатарии биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, киштзорҳои кишоварзӣ аз обхезиҳои баҳорӣ, сел ва ярч, дар ҳудуди деҳаи Дуобаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳот тоза кардани селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро ба роҳ монданд. Барои анҷоми сифатноки ин корҳо техника ва аҳолии маҳал ҷалб карда шуд.
Обхезиҳои баҳорӣ метавонанд сабабгори боло рафтани сатҳи об дар рӯди Варзоб шаванд, ки ин дар навбати худ метавонад ба деҳаҳои канори дарё хатар дошта бошад. Бо назардошти ин корҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори обгузаронӣ, тоза кардани маҷрои дарё аз партовҳо гузаронида шуданд.
Ғайр аз ин, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар байни аҳолӣ дар мавриди офатҳои табиву техногенӣ, селу обхезӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, сироят ба ҳар гуна вирусу бемориҳо ва ғайра корҳои таблиғотӣ гузарониданд.