Роҳҳои пурбарф дар минтақаҳои кӯҳӣ. Хатари лағзиши тарма. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Боришоти барфи шадид ҳамаро нигарон кард. Шабакаҳои иҷтимоӣ зарфи ду рӯзи охир садҳо гузуоришҳо нашр карданд ва расму виеоҳо гузоштанд. Барфи ду рӯзи охир дар аввали баҳор зарфи ин чанд соли охир собиқа надошт.

Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дод, ки бегоҳии 13 – уми марти соли 2021, тахминан соати 19:20 дақиқа бар асари боришоти барфи пайдарпай дар дар километрҳои 71400м ва 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тарма фаромада, роҳ муваққатан баста шуд, ҳаракати мошинҳо аз ду ҷониб қатъ гардид.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада рӯзи 14 марти соли 2021 ҳайати шахсии бахши Кумита дар ноҳияи Варзоб, наҷотдиҳандагони Раёсати наҷоти Кумита якҷо бо кормандони ширкати IRS ба мавзеъҳои зикршуда сафарбар шуданд.

Барои тоза намудани роҳ дар километри 71400м 4 адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ ва дар километри 73-юм 2 адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ сафарбар гардида, соати 12:20 дақиқа километри 73-юм, соати 19:35 дақиқа километри 71400м ба пуррагӣ аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.

Дар баробари бартараф намудани оқибати лағзиши тарма тахминан 63 адад автомашинаҳои гуногунтамға ва 189 нафар ронандаву мусофирон,  ки дар мавзеъҳои фаромадани тарма қарор доштанд, ба ҷои бехавф интиқол дода шуданд.

Айни замон, ҳайати шахсии наҷотдиҳандагони Раёсати наҷоти Кумита дар километри 72-юм дидбонгоҳи мавзеи Уштур ва километри 61-ум дидбонгоҳи мавзеи Майхура бо ду техникаи махсуси садамавию наҷот барои таъмини бехарии ҳаракати нақлиёт ва бо мақсади сари вақт гузаронидани корҳои имдодрасонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ навбатдории шабонарӯзӣ бурда истодаанд.

Ба далели тағйири ногаҳонии боду ҳавои рӯзҳои охир ва борандагиҳои шадид ҳамаи воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варианти таҳкимёфтаи хизмат гузаштанд. Дар минтақаҳои хавфнок ва ҷойҳое, ки имкони лағзиши тарма вуҷуд дорад, бахусус дар роҳҳои кӯҳии кишвар Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуданд.

Ба сабаби резиши барфи шадид дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ ҳамоно хатари фазояндаи лағзиши тарма, резиши санг боқӣ мондааст. 

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ва минтақаҳои кӯҳӣ, шикор, ғунучини ҳезум, чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддин риоя кунанд.

барчасп: