Шаҳри Пекин дар гирдоби тӯфони регӣ. Рӯйдоде, ки даҳсолаҳо собиқа надоштааст

Субҳи имрӯз-душанбе пойтахти давлати Чин бо як тумани ғализ пӯшида шуд. Ин як тӯфони регие буд, ки даҳсолаҳо ба инҷониб собиқа надоштааст.  Бар асари ин нишондиҳандаҳои ҳавои ғализ дар Пекин ва баъзе ноҳияҳои атрофи он 160 баробар бештар аз ҳадии тавсияшаванду буд.  Садҳо ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳо интизори парвозанд, вале осмон ба ҳадде тира аст, ки ин корро амалан номумкин гардондааст. Шамоли сахт регро аз Муғулистон ба Чин овард.

Дар Муғулистон зарфи ин чанд рӯз тӯфони регӣ ва боди шадид поён намеёбад, ҳодисае, ки то кунун аз марги 6 нафар хабар дода мешавад ва даҳҳо тан бенишон ғайб задаанд. Дар Чин бошад аз ин тӯфон ҳаддиақал 12 вилоят зарар дид, аз ҷумла шаҳри Пекин. Эҳтимолан ин ҳолат то охири рӯз ва ҳатто шабона ҳам боқӣ бимонад. Ҳавосанҷон беҳбуди ҳаворо шабона пешгӯӣ мекунанд.

"Ин ба қиёмат ва поёни ҳаёт дар рӯи замин шабоҳат дорад, гуфтааст як сокини Пекин ба хабарнигори Рейтер. Дар ин гуна ҳаво ман аслан намехоҳам кӯча бароям”. 

Ба матабҳо дастур дода шудааст, ки кулли дарсҳои беруназсинфӣ ва ҳавои кушодро лағв кунанд, ба касоне, ки гирифтори бемориҳои роҳи нафасанд, тавсия додаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд.

Солҳои пеш Пекин борҳо дар гирдоби тӯфони регӣ монда буд, вале тарҳҳои мелиоративӣ дар Чин вазъро то ҳадде беҳтар кардаанд. 

барчасп: