Садамаи Дулан дар ноҳияи Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест

Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб субҳи имрӯз, 15-уми марти соли 2021 дақиқан соати 04:30 дақиқа  дар километри 72500м шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Ин гузориш мегӯяд автомашинаи боркаши тамғаи Дулан, ки ба як сокини 22-солаи шаҳри Ҳисор мансуб буд, дар ях лағжидаву канори роҳ чаппа шудааст. Ин мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат будааст.

Манбаъ гуфтааст, ки дар ин садамаи нақлиётӣ талафоти ҷонӣ сабт нашуд.

Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои ин садама тадбирҳо андешида мешаванд.

барчасп: