Шамоли сахти Тоҷикобод. Талафи чорвои як сокини ноҳия, симчӯбҳои харобшудаву қатъи интиқоли барқ

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 13 марти соли 2021 тахминан 20:40 дақиқа бар асари боришоти борони пайдарпай ва вазидани шамоли сахт дар деҳаи Кӯли Мирзангии ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ оғилхонаи шаҳрванд Каримдодов Сироҷиддин хароб гардидааст. Дар ин ҳодиса 5 сар гов ва як аспи соҳиби хона ҳалок шудаанд.

Инчунин, ошхонаи як сокини дигари ин деҳа қисман хароб гардида, хатҳои интиқоли қувваи барқ дар русто аз ҳам гусастаанд. 6 адад симчӯби интиқоли қувваи барқ валангор шудааст. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, кормандони хадамоти барқи ноҳия ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ сафарбар шудааснд, то ҳаҷми зарари ба сокинон расидаро муайян кунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар минтақаҳои хавфноки ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод навбатдории шабонарӯзӣ бо ширкати наҷотдиҳандагони КҲФ ва дигар ниҳодҳо фаъолият дорад.

барчасп: