Дар маҳалли Кумарги болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шафати корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Кооперератсия-19” тарма се нафарро ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса дирӯз рух дод ва як нафар аз ҳалокшудагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.
Ҳамчунин дирӯз дар километри 550 роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31 роҳи Хоруғ – Ишкошим низ чанд мавриди лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
Барои поксозии роҳ хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо намуд, ки корҳои зиёди бартарафсозии паёмадҳои лағзиши тармаву резиши санг анҷом доданд. Дар айни замон кулли роҳҳои кишвар бозанд.
Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Хатари лағзиши тарма ҳамоно вуҷуд дорад!!!