Ҷопон ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии Фукасиморо дар даҳумин солгарди ин фоҷеа гиромӣ медорад. Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 11 март зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст. Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт. Аммо фоҷеа бо ҳамин ба поён нарасид. Баъди чанд лаҳзаи дигар дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукусима-1” садамае рух дод, ки дар олам собиқа надошт.
Системаи огоҳӣ дар неругоҳҳои ҳастаӣ ба сигнали заминларза фавран вокуниш нишон дод ва реакторҳои ҳастаӣ ба таври худкор аз фаъолият монданд ва системаи сардсозӣ фаъол шуд. Вале мавҷи азими қариб 15-метра ба ин система зарар расонд ва ин боиси берун патов шудани модаҳои реактивӣ шуд.
Ҳукумат чораҳои таъхирнопазир дид. Зарфи 3 шабонарӯзи оянда беш аз 150 ҳазор сокинони ин минтақа хонаҳои худро тарк карданд. Бо гузашти як даҳсола аз ин фоҷеаи мудҳиш одамон ҳамоно метарсанд, ки ба манзилҳои хеш баргарданд. Ҳарчанд ҳукумат барои бартараф кардани паёмадҳои ин фоҷеаи мудҳиш трилионҳо йен масраф намудааст, вале оқибатҳои он пурра бартараф нашудаанд.
Чӣ гузашт?
Дар замони вуқуъи зилзила реактори 4 холӣ аз сӯхт буд ва реакторҳои 5 ва 6 комилан хомӯшу сард буданд. Бақияи реакторҳо ба муҷарради сар задани зилзила ба таври худкор хомӯш шуданд ва генераторҳои изтирорӣ барои хунук кардани реакторҳо ба кор даромаданд. Маҳватаи неругоҳ бо садди баҳрӣ, ки барои муқобила бо сунамии 5,7 метрӣ кифоят мекард, муҳофизат мешуд, вале он дар баробари мавҷи бештар аз 14 метрӣ, ки 15 дақиқа пас аз зилзила оғоз шуд, муқовимат карда натавонист. Дар натиҷа замини неругоҳ комилан дар об ғарқ шуд ва генераторҳо низ зери об монданд. Таблуҳои барқ, ки дар поини реакторҳо воқеъ шуда буданд, ҳамагӣ зери об рафтанд. Иртибот бо шабақаи барқ қатъ шуд ва кори хунук кардани реакторҳо низ қатъ гашт. Дамои реакторҳо аз ҳадди мумкин боло рафт. Сел ва зилзила кумакрасониро комилан номумкин кард. Иттилои аввалине, ки баъди ин ҳодиса расид, ин буд, ки реакторҳои 1, 2 ва 3 сӯхти ҳастаӣ гудохта шуд ва рӯкаши филизии болои сохтмон реакторҳои 1, 3 ва 4 бар асари инфиҷори гидроген аз байн рафтааст. Таркиш ба дастгоҳҳои назорати ҳарорат дар дохили реактори 2 осеб расонд ва реактори 4 низ оташ гирифт.
Садамаи мудҳиши Фукусимо талафоти ҷонии бевосита надошт, чун ҳам наҷотдиҳандагон ва ҳам аҳолии атрофи он интиқол дода шуда буданд. 16 нафар коргарони неругоҳ захм хӯрданд ва даҳҳо нафари дигар гирифтори радиатсия шуданд. Рӯзи аввали садама 3 корманди неругоҳ дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Аммо ҳангоми интиқоли одамон ба маконҳои дигар ва дар беморҳонаҳо наздик ба 50 мардону занони бемор ҷон бохтанд. Бино ба иттилои духтурон дар рӯзҳои баъдӣ бар асари стресси ҷисмиву равонӣ беш аз 2300 нафари дигар фавтиданд, ки дар миёни онҳо пирсолон бештар буданд. Ин албатта, омори рӯзҳои аввал буд. Баъд чӣ?
Тибқи омори 10 сентябри соли 2018 шумори ҳалокшудагон дар натиҷаи сунамӣ ва заминларза дар 12 музофоти Ҷопон 15 896 нафар буда, 2 536 нафар дар 6 музофот бенишон гум шудаанд, 6 157 нафар дар 20 музофот захмӣ шуданд. Ҳазорон нафар аз ҷумлаи наҷотёфтагон дар маҳалҳое монданд, ки иртибот бо олам надоштанд. Беш аз 25 000 нафар наҷот дода шуданд. Ҳатто як пиразани 70-соларо баъди 92 соати заминларза зинда дар хонааш ёфтанд. 530 000 нафар дар беш аз 2600 паногоҳи муваққатӣ паноҳ бурда буданд.
Киштие бо 81 ҳаммол дар баҳр, дар наздикии префектураи Мияги вақте ба қаъри об фурӯ рафт, ки сунамӣ соҳилҳои шимолу шарқии Ҷопонро кубид, аммо баъдтар ҳамаи ин ҳаммолон бо василаи як киштии дигари шиновар наҷот дода шуданд. Як қатори мусофирбар гум шуд, қатори дигар бар асари такони шадиди замин аз релс дар Мияги раҳо шуд.
Шаҳрҳое, ки нисбатан бештар зарар диданд:
Рикудзентаката — ин шарҳ дар префектураи Иватэ комилан шуста шуд ва наздик ба 5 ҳазор хонаҳо зери об рафтанд.
Минамисанрику — 9,5 ҳазор сокинони ин шаҳр бенишон шуданд.
Сендай — як қаламрави иборат аз 10 км аз соҳили баҳр ғарқи об шуд. Наздик ба 650 нафар бенишон шуданд.
Ямада — ҳудудан 7200 хонаҳо зери об монданд.
Зарари иқтисодӣ
Зарари заминларзаи 11 март 16-25 трилион иен (198 – 309 миллиард доллар) арзёбӣ шуд. 212 марти ҳамон сол Бонки умумиҷаҳонӣ зарари Ҷопон аз ин зилзиларо аз 122 то 235 миллиард доллар ҳисоб карда буд. Пештар аз ин ширкати амрикоии 3М эълон кард, ки масрафи корҳои барқароркунии харобаҳо аз 50 то 150 миллиард доллар хоҳад буд.
Дар ВАО заминларзаи 11 марти соли 2011-ро бо зилзилаи 17 январи соли 1995 Кобе муқоиса мекунанд. Он замон Ҷопон зарари расидаро 9,6 трилион иен (119 миллиард доллар) эълон карда буд.