25 марти соли 2021 соати 08:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 71-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини боркаши тамғаи «Mercedes Sprinter” бо мошини сабукрави «Opel Zafira» бархӯрд. 5 нафар донишҷӯён дар «Opel Zafira» ба шаҳри Душанбе равон буданд.
Гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар километри 72 роҳи ёдшуда шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд, ба ҷойи ҳодиса фавран ҳозир шуданд. Онҳо аввал ронанда ва баъдан мусофирони онро берун оварданд. Ронанда ва панҷ мусофири мошин захму ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд.
Хушбахтона, ин садама талафоти ҷонӣ надошт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои рӯйдодро тафтиш мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ кулли қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо ва суръат хеле зарур аст.