Шоми 18 июни соли равон дар олам шумори гирифторон ба коронавирус 178 миллиону 475 ҳазору 921 нафар эълон шуд.
Сумая Сваминатан – як корманди илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки Делта SARS-CoV-2, ки пештар бо номи штамми ҳиндӣ машҳур шуда буд, ҳоло шояд оламгир шавад. Бино ба иттилои ин созмон гунаи ҳиндии коронавирус то кунун дар 80 кишвари олам дида шудаву одамонро мубтало кардааст. Ҳоло онро чӣ дар Аврупо ва чӣ дар Осиё кашф кардаанд. Дар Русия низ ин навъи вирус пайдо шудааст.
Дар 150 рӯзи президентии Ҷо Байден дар ИМА 300 миллион доза воксинаи зидди коронавирус истифода шудааст.
Ширкати дорусозии Richmond дар Аргентина то ба имрӯз 448 625 доза воксани русии «Спутник V»-ро тавлид кардааст.
Гунаи коронавирус Делта дар қаламрави Олмон пойдо ва густариш ёфтааст. Бино ба маълумоти расмӣ 6% сироятшудагони рӯзҳои охир бо навъи ҳиндии коронавирус сироят шудаанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 17 261 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳадди рекордии сирояти шабонарӯзӣ баъди 1-уми феврали соли равон аст ва шумори умумии гирифторон ба 5 281 309 расид. Суръати афзоиш 0,33% эълон шуд. Танҳо дар шаҳри Москав зарфи 24 соати гузашта 9 056 нафар чун мубталои нав сабт шуданд.
Татяна Голикова-ҷонишини сарвазири Русия гуфтааст, ки зарфи ду рӯзи охир маргумир бар асари коронавирус 14% афзудааст.
Дар хабари дигар омадааст, ки 90% сироятшудагони нав аз штамми ҳиндӣ мубтало шудаанд.