Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шамоли шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21-уми июни соли равон дар қаламрави шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷекат, Гулистон, Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш, Ёвон, деҳаҳои Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглох, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон шамоли сахт дар назар дошта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳои дар мавзеъҳои ёдшуда эҳтимоли вазиши бод ба суръати 20-25 метр дар як сония вуҷуд дорад. Ҳамчунин аз эҳтимоли гарду чанг ва ҳавои тира пешгӯӣ мешавад.

КҲФ ба шаҳрвандон ёдовар мешавад, ки ҳангоми шамоли сахту шадид ин ҳодисаҳо метавонанд ба омилҳои хатар табдил шаванд: хароб шудани хати интиқоли нерӯи барқ ва алоқа, қатъ шудани фаъолияти интиқоли барқ дар нуқтаҳои аҳолинишин, хароб шудани иншоотҳои сустбунёд, канда шудани бомпӯшҳо ва шикастани дарахтон.

Дар ҳамин иртибот ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумита чанд тавсияро барои шаҳрвандони ироа медорад:

- ашёи рӯзгорро аз ҳавлӣ ва айвонҳо ба хона (таҳхона) дароред, дарахтони хушкеро, ки ба манзили истиқоматии шумо зарар расонда метавонанд, бибуред;

- воситаи нақлиётро дар мошинхона гузоред, агар шумо мошинхона надоред, пас набояд мошинатонро зери дарахтон ё лавҳаву сутунҳои сустбунёд гузоред;

- вақте шумо дар кӯчаед, пас талош кунед аз зери девори хонаҳое нагузаред, ки  ноустувору бомҳояшон осебпазиранд;

- аз зери дарахтон ва иншоотҳое, ки метавонанд хатар дошта бошанд, аз қабили пулҳо, қубурҳои обгузар, хати интиқоли барқ ва ғайра нагузаред;

- ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошед;

- агар зарурат набошад, дар чунин ҳолатҳо ба махзанҳои оби наздикӯҳиву кӯҳӣ наравед ва ё ҳузуратон дар ин мавзеъҳоро маҳдуд созед;

- ронандагон ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо бояд қоидаҳои ҳаракат ва бахусус масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба шумораи умумии 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефонҳои 223 13 11 ва 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: