АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рехтани ногаҳонии сохтмон. Чӣ бояд кард?

Резиши ҷузъи ё пурраи ногаҳонии як сохтмон ҳодисаи фавқулода ва мусибати азим барои бошандагону атрофиёни он аст. Ин ҳодиса хатарҳои зиёд дорад, ки дар натиҷаи иштибоҳу хатоҳо дар бунёди он ба вуҷуд меояд ва тарҳи он нокомилу суфтаву пурра набудааст ва ё созандагон аз бунёди сохтмон аз рӯи тарҳ ақибнишинӣ кардаанд, қонунҳои насбро нодида гирифтаанд. Баъзан ин фурӯравиҳо дар натиҷаи таркишҳое ҳам ба вуқуъ мепайванданд, ки сабабҳои он метавонад амалҳои террористӣ, инфиҷори газ ё дигар маводҳои тарканда бошад. Фурӯравии ногаҳонӣ метавонад сабаби сар задани сӯхтор шавад ва он ҳодиса муҷиб мешавад, ки дари вуруду хуруҷ муддате баста гардад ва сӯхтор дар дохил ба ҷони касоне, ки илоҷи бурун шудан надоранд, таҳдид кунад. Аз фурӯравӣ одамон захмӣ мешаванд, ҷон медиҳанд...

Таърих ин гуна рӯйдодҳои зиёд дар хотир дорад ва фурӯравии биноҳо дар ҳар ҳолат як рӯйдоди комилан нохушу мусибатовар аст.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Ҳар фалокате роҳи пешгирӣ дорад. Агар мо наметавонем аз резиши ногаҳонии бинову иншоот пешгирӣ кунем, пас ҳаддиақал бояд донем, ки барои коҳиши хатар чӣ бояд кунем. Баъзе маслиҳатҳое дар ин замина ҳастанд, ки иҷрои онҳо ҳаддиақал хатари рӯйдодҳои нохушро коҳиш медиҳанд.  

  • Аввал, ҳама гуна рӯйдоди эҳтмолии назири фурӯ рехтани девори хона ё бому дари онро дар назар дошта бошед ва аъзои хонавода, кулли бошандагони он аз хурд то бузургро бо нақшаи наҷот дар ин гуна ҳолатҳо ошно кунед. Ба онҳо тартибу низоми амал кардан дар чунин ҳолатҳоро фаҳмонед.
  • Ҳамеша як доруқутии хурдакаки эҳтиётӣ бояд дар хонаи шумо бошад. Ин доруқуттӣ бояд аз ҳама гуна доруҳои зарурии кумаки тиббии аввалияро дошта бошад ва дар ҷойи муайян нигоҳдорӣ шавад.
  • Дастгоҳи сӯхторхомӯшкунӣ дар ҳар хона бояд бошад, зеро дар зиндагӣ инсонҳо аз рӯйдодҳои нохушу ногаҳонӣ эмин нестанд. Ҳама гуна модаҳои кимиёвиву зудоташгирандаро (агар дошта бошед) дар ҷойе нигоҳ доред, ки аз оташ гирифтану таркиданҳо дур бошад. Агар эҳтиёҷ надошта бошед, баллонҳои газдорро дар хона нигоҳ надоред. Агар бӯи газро ҳисс кардед, зуд қувваи барқро хомӯш кунед, нагузоред, ки асбобҳои барқӣ омили сар задани сӯхтор ё ҳодисаи дигар шаванд. Талош кунед газ ба манзили зистатон ворид нашавад, хонаҳоро тафтиш кунед ва фавран ба хадамоти марбут ба газ бо телефони 04 хабар диҳед. 
  • То замоне, ки хона аз газ пок нашавад, истифодаи ҳар гуна манбаъҳои оташафрӯзанда, аз ҷумла асбобҳои барқӣ манъ аст. 
  • Ҳаргиз баромадгоҳҳо, зинаҳо ва баромадгоҳҳои садамавиро бо ашёҳои гуногун пур накунед, роҳ бояд ҳамеша озод бошад.
  • Ҳуҷҷатҳо, пулҳо, фонуси кисагӣ ва батареяҳои эҳтиётиро дар ҷойи аниқ гузоред, ки дар ҳоли ҳодиса зуд пайдо карда тавонед.

ВАЛЕ АГАР РАФТУ БИНО САРОЗЕР ШУД, ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?

  • Агар садои инфиҷорро шунидед ё ҳис кардед ё дидед, ки сохтмоне чаппа мешавад ё суботи худро аз даст медиҳад,талош кунед зуд пулу ҳуҷҷатҳо ва чизҳои хеле бароятон заруриро бигиред ва фавран аз бино берун шавед.
  • Шумо ҳатман, аз тариқи зинаҳо поин шавед, ҳаргиз ба лифт нанишинед, чун он ҳар лаҳза метавонад аз кор бимонад.
  • Ба даҳшату ваҳшат дода нашавед, оромиро ҳифз кунед, одамонеро, ки ба ваҳшат дода шудаанд, ором кунед. Нагузоред, ки касе аз балкон ё тиреза худро ба замин ҳаво диҳад.
  • Вақте ба кӯча баромадед, зери девори бино наистед, балки ба майдони васеъ равед, то метавонед аз маҳалли офат дуртар бошед. Барои худ ва наздиконатон ҷойи бехатарро интихоб кунед:  агар шумо дар дохил ё баромадгоҳи як биное ҳастед, ки роҳи баромад ба кӯча хавф дорад,  пас дар амнтарин макони он қарор гиред. Агар ин гуна имкон бошад, ҳаддиақал зери миз худро пинҳон кунед, он шуморо аз ашёҳои афтанда ва шикастапораҳо ҳифз мекунад. Агар ҳамроҳатон кӯдаконанд, пас ғами онҳоро хӯред, бештар онҳоро паноҳ диҳед.
  • Дари хонаро боз кунед, то дар ҳоли зарурат ба осонӣ аз он баромада тавонед. 
  • Ба воҳима дода нашавед, саросемагӣ дар ин гуна ҳолатҳо бештар хатар дорад, оромии худро ҳифз кунед ва баъд атрофиёнро ором кунед.
  • Аз тиреза, аз асбобҳои барқӣ дур истед, интиқоли обро фавран қатъ кунед, газ ва асбобҳои барқиро хомӯш созед, нагузоред, ки онҳо манбаъи хатар шаванд.
  • Агар сӯхторе сар зад, фавран онро хомӯш кунед.
  • Телефонро танҳо барои даъвати мақомоти дахлдор, аз ҷумла сӯхторхомӯшкунӣ, хадамоти садамавӣ, духтурон ва наҷотдиҳандагон истифода кунед. Ҳаргиз ба айвони хона (балкон) набароед.
  • Аз гӯгирд истифода накунед, чун он метавонад сабабгори аланга задани газ шавад. 

АГАР ЗЕРИ ХОКУ САНГТӮДАҲО МОНЕД, ЧӢ БОЯД КУНЕД?

  • Нафаси амиқ кашед, ба воҳима дода нашавед, кӯшиш кунед, ки ба ҳар қимате набошад зинда монед, бовар кунед, ки кӯмак ҳатман хоҳад расид.
  • Аз рӯи имкон ба худ ёрии аввали тиббӣ расонед. Талош кунед ба муҳити нав одат кунед ва роҳи халосиро биҷӯед.
  • Талош кунед мушаххас намоед, ки дар куҷо қарор доред, ба садоҳо гӯш андозед, шояд дар атрофатон касони дигар ҳам бошанд, овоз диҳед, хомӯш набошед.
  • Дар ёд дошта бошед, ки инсон қодир аст дар гуруснагӣ ва ташнагӣ муддати дароз тоқат кунад.
  • Кисаҳои худро бинед, ба атроф назар андозед ва шояд асбобҳои рушноидиҳандаро пайдо кунед, ки аз онҳо истифода баред, ба мисли фонусҳо, оинаҳои шикаста, ашёи филизӣ, ки бо василаи он ба қубурҳо ё деворҳо бикӯбед, то таваҷуҳи атрофиёро ҷалб кунед.
  • Агар танҳо роҳи наҷот як сӯрохи борик аст, пас аз он истифода кунед.  Мушакҳоятонро ба ҳам оред, ҷуссаи худро то ҳадде метавонед ба андозаи он сӯрох хурд созед ва хазида худро берун андозед.