Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагон аз заминларза бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз рӯзҳои аввали офат кӯмак дар шакли маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ғайриозуқавӣ мунтазам расонида мешаванд.
Чунончӣ, 19-уми июли соли равон барои 75 оила дар ноҳияи Тоҷикобод ва 35 хонавода дар ноҳияи Рашт, ки аз заминларзаи рӯзи даҳуми июл зарар дида буданд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Хазинаи кудакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ғайриғизоӣ, аз қабили бастаҳои беҳдоштӣ, лавозимоти ошхонаӣ ва бистару лавозимоти рахти хоб, зарфҳо барои об ва ғайра тақдим шуд.
Ёрии ин ду созмон бо воситаи техникаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ва бо ширкати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо ба аҳолии ниёзманд тақсим карда шуд.