Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро 191 миллиону 110 ҳазору 490 нафар эълон кард. То кунун аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 103 ҳазору 396 нафар ҷон бохтаанд.
Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар доранд:
ИМА— 34 959 706
Ҳинд — 31 143 595
Бразилия — 19 342 448
Русия — 5 958 133
Фаронса — 5 867 730.
Аврупо дар теъдоди ваксингирифтагон аз ИМА пеш гузашт.
Ҳукуматдорони Юнон аз рӯзи шанбе то 26-уми июн аз соати 01:00 то 06:00 дар ҷазираи сайёҳии Миконос қуюди шабгардӣ эълон карданд. Сабаб авҷи нави коронавирус дар минтақа гуфта шудааст.
Чин истифодаи фаврии ваксинаи ширкати дорусозии ватании Sinopharm-ро барои кӯдакони аз 3 то 7-сола тасдиқ кард.
Дар Зеландияи Нав зарфи як шабонарӯзи гузашта дар сироятшуда ба SARS-CoV-2ро ба қайд гирифтанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ 1454 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт карданд ва шумори умумии мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар аз аввали пандемия ба 177 951 нафар расид.
Дар чандин варзишгароне, ки ба Олимпиадаи Токио рафта буданд, вируси корона ошкор шудааст. Мақомоти Ҷопон гуфтаанд, ки ин варзишгарон аз Исроил, Сербистон, Русия, Нигерия ва Угандо буданд.
Дар Украина зарфи 24 соати гузашта 299 гирифтори нав сабт шуд ва теъдоди умумии сироятшудагон ба SARS-CoV-2 дар ин кишвар ба 2 миллиону 244 ҳазору 495 нафар ва фавтидагон ба 52 726 нафар расид.
Дар Белорусия бошад аз аввали ҳамагирӣ 434 ҳазору 362 нафар чун гирифтор ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд.ю Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 093 нафар пайвастанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 25 018 ҳодисаи нави сироят ва 764 марг сабт шуд. 11 дарсади ин беморони нав аломати беморӣ надоштанд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон ба 488 905 ва дар Қирғизистон ба 149 029 нафар расид.
Теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 119388 расидааст ва фавтидагон ба 796 нафар. Комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус барои муассисаҳои хӯроки умумӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Аз 20 июл танҳо дар ҳавои кушод метавон фаъолият кард. Дар Ӯзбекистон барои афроди аз 18-сола боло ваксингирии ҳатмӣ ҷорӣ шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар кишвар 47 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 32 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 1 нафар фавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 18 июл дар кишвар 14125 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13717 нафар (97,1%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 111 нафар фавтидаанд.