Боронҳои пуршиддат, ки сабаби омадани селҳои харобкор дар ғарби Олмон шуда буданд, ба охир расиданд, сели пурхурӯш батариҷ рӯ ба оромӣ овард, сатҳи об дар рӯдхонаҳо поин рафт. Ин сели харобкор танҳо дар Олмон 157 нафар ва дар Белгия беш аз 30 нафарро кушт. Ҳоло дар Олмон ва Белгия теъдоде бенишон гум шудаанд ва табиист, ки омори марг ниҳоӣ нест, балки эҳтимоли афзоиши он вуҷуд дорад.
Рӯзҳои истироҳат шахсиятҳои калидии сиёсии Олмон аз маҳалли офат дидан карданд ва ваъда доданд, ки ҳукумат кумаки фаврӣ хоҳад расонд. Садриаъзами Олмон Ангела Меркел ҳам рӯзи якшанбе ба деҳаи Шулди замини федералии Рейнланд-Пфалс рафт ва вазъро басо даҳшатнок номид. Ин ноҳия бештар аз дигар минтақаҳо зери об мондаву хароб шуда буд.
Меркел изҳор дошт, ки рӯзи чоршанбе кобинаи ӯ масъалаи расонидани ёриҳои моддиро ҷиддан баррасӣ мекунад, ҳарчанд ин кумакҳо садҳо миллион евроро дар бар хоҳад гирифт. Ҳатто иддае аз коршиносон зарари расидаро, ки давлат бояд ҷуброн кунад, миллиардҳо евро эълон карданд.
Сел дар аксари ноҳияҳо пулҳо, роҳҳо, мактабҳо, хонаҳои мардумро вайрон кардааст ва садҳо хонавода бе ҷойи зист мондаанд.
ВВС дар гузорише хабар дод, ки хонум Меркел ҳангоми боздидаш аз рустои Шулд дар тасвири ҳолат аз калимаи “ҳавлнок” истифода кард ва селзадагонро дилбардорӣ карду гуфт: “Мо ҳама бо шумоем”. Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ҳайратовар аст. Метавонам тақрибан бигӯям, ки дар забони олмонӣ ҳеч калимае барои тавсифи тахрибе, ки рӯй додааст, вуҷуд надорад”.
Сарвари Олмон аз иттиҳоду ҳамбастагии мардум изҳори хушӣ кард ва гуфт, ки “хушоянд аст мебинам, ки мардум канори ҳам истодаву ба ҳамдигар кумак мекунанд”.
Вазири дороии Олмон аз аввалин тасмими давлат барои кумак ба офатзадагон хабар дод ва гуфт, ки ҳоло давлат як бастаи ёрӣ ба селзадагонро ба маблағи 356 миллион доллар рӯи даст гирифтааст ва он рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи кобина мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.