Сарлавҳаи суҳбати дуюми худро бо доктор Абдуллоҳ Давлатов, духтури тоҷики муқими Москав махсус чунин гузоштам, чун як бахши меҳварии ин суҳбат парҳез аз ғизо дар замони гирифторӣ ба КОВИД-19 аст, ки иддае аз мутахассисон бо такя ба тибби ба гуфти худашон классикӣ анвоъи маводи сервитамин ва муфидро парҳез фармудаанд.
Суолҳои ин суҳбат баъди суҳбати аввал аз тариқи баҳсҳо атрофи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ тартиб дода шуданд. Аз ҷумла,ҷоз дар мавриди парҳез барои муолиҷаи Ковид, муҳлати ду воксин ва чаро маҳз ду маротиба, мулоҳизаҳо атрофи ин даъвоҳо, ки мегӯянд бигзор бемор шавам, вале воксин намегирам, КОВИДИ беаломат ва ғайра.
ЯГОН ВОКСИН АНГЕЗАНДАИ КОВИД-19 БУДА НАМЕТАВОНАД
- Ҳамчуноне аз баррасиҳои матбуотӣ дида мешавад, ҳамеша ваксингирӣ дар ҳар кишвари олам боиси гумагӯҳои мухталиф шудаву афкори ҷомеа низ ба мухолифон ва ҷонибдорони ваксина табдил ёфта. Албатта, ин як амри воқеъист, чун агар ваксина худ падидаи тоза набуда аз ду аср ба инҷониб вуҷуд дорад, вале дар мавриди бемории нав, ки қариб ҳар ҳафта гунаи наваш кашф мешавад, боиси гумону шубҳаҳост. Аз суоли як корбар бо номи Амина Назар оғоз мекунам, ки мегӯяд бигзор дубора гирифтор шавам, вале ваксин намегирам. Мехостам атрофи ин масъала суҳбат кунед.
- Ин ҳарфҳое ашхоси алоҳидае ҳастанд, ки агар вориди гулистон шаванд на аз накҳати гулҳо лаззат мебардоранд, балки бӯйи бади ғализ меҷӯянд, то соҳиби боғро зери тозиёнаи танқид бикашанд. Дуруст аст, ки дигарандешӣ бояд ҷой дошта бошад ва як амри табиӣ ҳам ҳасту ҳеч ҷои тааҷуб нест, ки мухолифони воксингузаронӣ кам нестанд, ки бо ҷаҳди даҳчанд мекушанд овозашон баландтар аз ақли солим бошад. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии русӣ дарёфтам, ки як доктори илми тибб, раҳбари яке аз ташкилотҳои касбии терапевтҳои Маскав ҳам бар муқобили воксин шуридааст. Вақте омӯхтам, дарёфтам, ки ӯ куллан зидди сиёсати раҳбарияти ин кишвар будааст. Барояш навиштам, ки мухолифати сиёсӣ доштан набояд ба касбият халал расонад ва мушкил дар воқеъбинӣ эҷод кунаду ба ҷону саломатии одамон зараровар бошад. Ин ёдоварӣ ба хотири он аст, ки муқобилони эмкунӣ аз Ковид-19 ё думболи ғаразҳои шахсӣ ҳастанд ё дарки воқеият надоранд ва ё ба мушкилоти равониву руҳӣ гирифторанд. Мо ҳам ҳақ надорем ба касе аз ин се табақаро зери тозиёнаи танқид бигирем, чаро ки ин хислати онҳост, на одати мо. Агар мехоҳанд бо ин баҳона дар мадди назари одамон бошанд ва нохудогоҳона аз худхоҳияшон дарак медиҳанд – нӯши ҷонашон. Дилгиркунанда фақат як нукта аст, ки баъзеҳо ба доми найранги чунинҳо меафтанд.
Бо тамоми қатъият ва ҷиддият мегӯям, ки ҳеч яке аз инҳо дар бораи воксинҳои пешниҳодшуда тассавурот надоранд.
Ман, алҳамдулиллоҳ, мусалмонам. Дар кадом ҳадисе хонда будам ба ин маънӣ: “Олимон аз обидон ба 70 маротиб болотаранд. Зеро бо омадани бидъат обид дар ибодат асту олим дар талоши ба одамон ҳушдор додан". Худо бубахшад, агар дар овардани ин ҳадис хато карда бошам, вале мазмунаш ҳамин аст. Пас, чаро одамоне, ки худро мусалмон мехонанд, ба ҳарфҳои асоси илмӣ доштаи даҳҳо ҳазор олимону мутахассисон бовар намекунанд, вале сафсатаҳои худхоҳону сиёсатбозон ва ё масх ба руй кашидаҳоро бовар мекунанд – бароям муаммост.
Дақиқ аст, ки аз 150 воксине, ки ҳоло дар сартосарии ҷаҳон таҷриба мешаванд, ягонтояш ангезандаи Ковид-19 буда наметавонад ва ягонтояш хатаре ба саломативу ҷони одам надорад.
Ва оне, ки “мегӯяд бигзор дубора гирифтор шавам, вале ваксин намегирам” аз он дарак надорад, ки машқи ҷанг беҳтар аз ҷанг аст – агар даст ба гиребон шудан бо ин уфунӣ ҷанг бошад, пас воксин кардан ҳамон машқи ҷанг аст.
ПАРҲЕЗ АЗ ЧӢ ВА ЧАРО?
- Шояд шумо тавсияҳои доктор Мустафо Ғозиро дар мавриди парҳез дар КОВИД-19 дидед. Ин тавсияҳо миёни корбарон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Назаратонро мехостам донам.
- Ҳамчун мутахассис аз ин ҷаноб дараке надорам. Вале, байни корбарони қисмати тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ маълум будааст ва дӯсте ҳарфҳои подарҳавояшро бароям ирсол карду боре ба саҳифаи фейсбукияш ворид шудам. Афсӯс, ки чизе арзишманд наёфтам, магар ки ҳарфҳои ба иштибоҳбарандаву мағлатазан.
Қайд кунам, ки ҳар миллате дар тули садсолаҳо зарбулмасалҳову хушгӯиҳояшро дар баробари одатҳои миллияш меофарад ва сайқал медиҳад. Ҳамон “худкушӣ бегонапарвар” ё “оби дари хона хира аст”-и мо ҳам аз ҳамин қабиланд, ки то ҷое аз зудбоварӣ ва бегонапарастии мо иттилоъ медиҳад. Шояд воқеан ҳам чунин бошем, ки ба ҳангомаҳои пучу беасоси ҳар бегонае бештар бовар мекунем, магар ки ба мутахассисони варзидаи тоҷик. Аз кӯдакӣ ибораи “э у урусай хуб медона”-ро бад медидам.
Баргардем ба асли саволи муҳими Шумо дар мавриди парҳез.
Ба қавли бузургон
“Ғизои кам шифоангез бошад,
Бале, асли даво парҳез бошад”.
Ҳар ғизое ё нӯшидание, ки истеъмол мешавад, ҳатман таъсире дар бадан дорад. Аз ин хотир ҳанӯз аз овони тифливу ҷавонӣ дарёфтаем, ки фалоне аз хӯрданиҳо роҳатбахш асту фалонаш азиятдиҳанда. Яъне, якояки мо таҷриба кардаем ва бадани мо медонад, ки мизоҷи мо чӣ мехоҳад, агарчӣ думболи фаҳмаш нестем. Маълум аст, ки маводҳои ғизоӣ ба чор гурӯҳ табақабандӣ шудаанд: гарм, сард, тар ва хушк. Яке аз усулҳои парҳез ин ба назар гирифтани хусусиятҳои худи ғизо ва имконоти мизоҷии бемор аст. Усули дигари парҳез ин ҳамонест, ки дар мисраъи аввали байти овардаам омадааст - “ғизои кам”. Ин ба он маънист, ки яке аз усулҳои парҳез маҳз кам хурдан аст. Яъне:
“Ногашта тиҳӣ меъда ба хон наншинӣ,
З-он пеш, ки меъда пур шавад, бархезӣ”.
Дар нисбати гирифторони Ковид-19 вазъ чунон аст, ки вируси ин уфунӣ он қадар маккор аст, ки дар сохтор оддист, вале дар ангезандагии сироят беҳамтосту дар мутаҳаррики бемориҳои мухталиф қобил. Аз ин хотир, дар нисбати парҳез кардан дар ғизо аз ин уфунӣ, ҳамон сохтори соддааш ба инобат гирифта мешавад ва ин назардошт риояи парҳезро содда мекунад. Яъне, фақат се чиз манъ аст:
- истифодаи нушокиҳои спиртӣ;
- ҳамагуна ғизоҳои шӯркардашуда (бодирингу помидору карами "солёни"-ву ғайра);
- ғизоҳои серравған, ба хоса равғани чорво. Дар нисбати истилоҳи “серравған” қайд кунам, ки хонанда набояд фақат ба вожаи “равған” эътибор диҳад, балки “сер”-ро ҳам хонад.
Ҳамон ҷанобе, ки номашро овардаед, навиштааст, бояд аз дуғу чаккаву мевагиҳову сабзавоту нахуду лубиву ғайра парҳез кард ва ин сафсатаашро талош кардааст, ки ба мизоҷ пайваст кунад. Ин тавсия барои олимон тааҷубовар ва барои мутахассисон хандаовар аст. Чаро чунин фармудааст – намедонам. Вале, мутахассисон медонанд, ки ҳамон ҷурғоту чаккаву дуғу амсоли инҳо микробиоми рӯдаҳоро дар низом нигоҳ медоранд, ки шарти асосии тавоноии масуният аст. Болотар аз ин, хулосаҳои илмӣ ҳастанд, ки ҷурғот ба фарқ аз кефири мағоза хубтар аст, зеро, дар корхонаҳои бузург ба хотири нобуд кардани бактерияҳои зараровар, коркарди махсус мегузаронанд, ки дар натиҷа бактерияҳои муфид ҳам нобуд мешаванд. Сабзавоту мевагиҳо ҳам заруранд, чаро ки антиоксидант ҳастанду дар низоми кори рӯдаҳо низ кӯмаки беҳамто доранд. Болотар аз ин, витаминҳову микроэлементҳову сафедаҳо ҳам дар таркиби мевагиву сабзавоту гушту моҳиҳои камравған зиёданд, ки барои барқарории саломатӣ хеле ва зеле заруранд. Ва агар дар мавриди мизоҷ дар парҳези ғизо дар Ковид-19 гӯем, албатта, бояд мизоҷи якояки мо дар ҳама ҷабҳаҳои ташхисӣ ва таҳқиқӣ ва муолиҷа ба инобат гирифта шавад, вале ин ҳеҷ рабте ба истифодаи колои ширӣ ва сабзавоту меваҷот надорад!
МУХОЛИФАТҲО ЗИДДИ ВОКСИН. ЧАРО?
- Ва боз ҳам аз доктор Ғозӣ. Тавсия медиҳад, ки комилан воксин назананд. Албатта, мутахассисоне ҳам, ки зидди эмкунӣ дар мавриди Ковид ҳастанд, зиёданд ва доктор Ғозӣ танҳо нест. Оё дар ҳақиқат ягон хатаре ба ояндаи ҳаёти инсон дорад ё ҷонибдорони ин назария чизи дигарро медонанд, ки мо намедонем?
- Дар ин маврид дар боло гуфтам ва баъди саволи Шумо дубора ба саҳифаи ин ҷаноб ворид шудам ва боварӣ дорам, Ғозӣ табиб неву як ҳангомаҷуест, ки аз меҳмоннавозиву зудбоварии тоҷикон хуб истифода мебарад ва “буҷулаш асп хестааст”. Худо нигоҳ дорад онҳоеро, ки аз сафсатаҳои ин Ғозӣ истифода мекунанду ва саломативу ҷони худу наздиконашонро зери хатар мегузоранд. Ва ҳамон ҳарфҳоямро, ки дар посухи саволи аввали Шумо гуфтаам, боз такрор мекунам: машқи ҷанг беҳтар аз ҷанг аст. Агар ҷаноби Ғозӣ он қадар тавоно ва бо истеъдод бошад, ки бе машқи ҷанг вориди майдон мешавад – офаринаш, вале ба дигарҳо маслиҳат нест, ки худро қурбонӣ кунанд – худкушӣ ба шаҳодат расидан нест, гуноҳ аст.
- Фосилаи байни ду воксин бояд чанд рӯз бошад? Чаро маҳз бояд ду маротиба воксин гиранд? Ин чӣ асоси илмӣ дорад?
- Фосила аз 14 то 21 рӯз аст ва вобаста аз навъи воксин аст. Агар истеҳсолкунанда 21 рӯз муайян карда бошад, то рӯзи 21-ум беҳтараш воксини дуюмро нагиред. Вале, баъд мумкин аст – то 6 моҳ баъди воксини аввал гирифтани воксини дуюм мумкин аст.
Чаро маҳз ду маротиба воксин гиранд? Ташаккур, ки ин саволи муҳимро ёдрас кардед – бисёриҳо мепурсанд. Барои он, ки пас аз воксини аввал аз оғози рӯзи 14 дар бадан масунияти ҳуморалӣ (гуморалӣ) пайдо мешавад. Инҳо ҳамон антибодиҳое ҳастанд, ки ҳамчун IgG мешиносемашон. Қайд кунам, ки маҳз ба ҳамин хотир фосилаи байни ду воксинро 14-21 рӯз кардаанд – то ин антибодиҳо ҳосил шаванд. Вале, ин иммуноҳлобулинҳо устувор нестанд ва баъди чанд моҳ метавонанд аз байн раванд. Муҳлати миёнаи аз байн рафтанашон 6 моҳ аст. Аз ҳамин хотир, гуфтам, ки пеш аз 21 рӯз гирифтани воксини дуюм маслиҳат нест, вале то 6 моҳ иҷозат аст. Болотар аз ин, агар воксини дуввум баъди 21 рӯз тавсия дода бошанд – ин муҳлати ақал аст, дертар кунед, масалан, баъди 4 ё 5 ё 6 ҳафта боз ҳам хубтар аст. Чаро, ки дар ин муҳлат IgG ба роҳат авҷ мегиранд ва бадан комилан ба истеҳсоли масунияти ҳуҷайравӣ омодатар мешавад. Албатта, истисноҳо ҳам ҳастанд.
Хуб, воксини дуюм чӣ лозим?
Маҳз ҳамин воксини дуюм масунияти ҳуҷайравиро мутаҳаррик мешавад, ки беҳтар аз масунияти ҳуморалист. Бо иҷозаи Шумо дар нисбати ин ду навъи масуният каме шарҳ диҳам: масунияти ҳуморалӣ (ҳамон IgM ва IgG, ки ҳоло ҳама медонанд) ангалҳои берун аз ҳуҷайраро нобуд месозанд ва токсинҳоро берун меандозад. Масунияти ҳуҷайравӣ бошад ангалҳоеро, ки аллакай дар дохили ҳуҷайраҳо ҳастанд, аз ҷумла вирусҳову замбуруғҳову ҳуҷайраҳои саратону ғайраро нобуд месозад. Дигар ҳар кас худаш хулоса кунад ва тасмим бигирад, ки воксин гирифтан, ба хоса воксини дуввумро, то куҷо муфид аст.
Инро ҳам донистан муҳим аст, ки агар баъди воксини аввал, Худо накарда касе гирифтори Ковид-19 шуд, воксини дуюм дигар лозим нест. Ва бояд донем, ки агар баъди воксини аввал аз чораҳои пешгирӣ риоя накардед ва гирифтор шудед, беморӣ сабук мегузарад ва ҳамон масунияти ҳуҷайравӣ пайдо мешавад. Ба монанде, ки воксини дуввумро гирифтаед.
- Чанде пештар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки эмкунӣ ҳифозати саддарсади сироят аз коронавирусро медиҳад. Аммо иддае аз донишмандон назари дигар доранд. Умуман кафолати сироят нашудан баъди эмкунӣ чӣ қадар аст?
- Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар асоси хулосаи омӯзишҳо ва пешниҳодҳои беҳтарин олимону мутахассисони ҷаҳонӣ тавсия медиҳад ва ман ба онҳо бовар дорам. Ва бояд қайд кунам, ки воқеан ҳам ба ғайр аз эмкунӣ дигар илоҷи пеши роҳи ин уфуниро гирифтан нест.
Иддаъои он донишмандони алоҳида дар асоси он аст, ки ҳоло касе намедонад, ки ин коронавируси SARS-CoV-2 фардову пасфардо чӣ аҷоибот пеш меорад ва мутатсияҳои наваш то куҷо хатарзо мешаванд ва он антибодиҳои масунияти ҳуморалӣ ва Т-лимфотситҳои масунияти ҳуҷайравӣ, ки дар натиҷаи ин воксинҳо пайдо мешаванд то куҷо тавони нобуд кардани навъҳои тахминии нави ин вирусро доранд.
Аммо, боварӣ дорам, ки мо набояд болои мушкилоти воқеӣ тарси таҷрибаҳои манфии гузашта ва нобоварӣ аз воксинҳои имрӯзаву номуайянии фардоро зам кунему вазъи имрӯзаамонро даҳчанд таҳлукаангез кунем ва хатарафзо шавем. Бояд дарки масъулият дошта бошем ва таваккул кунем, бо умеде, ки шояд Худованд роҳи ягонаи халосӣ аз ин уфуниро тариқи ҳамин воксинҳо насибамон карда бошад.
КОВИДИ БИДУНИ АЛОМАТ, ЯЪНЕ ЧӢ?
- Вақтҳои охир дар мавриди бидуни аломати ошкор кашф шудани олудашудагон ба коронавирус зиёд мегӯянд. Ин чист? Фиреби вирус ё ягон ҳолати табиӣ?
- Аввал ин, ки дар бадани якояки мо даҳҳо вирусҳо доимӣ арзи вуҷуд доранд ва чун онҳо зери контроли масунияти бадан ҳастанд, ба саломатии мо зарар надоранд, то замоне, ки дар масуниятамон осебе пайдо шаваду кадоме аз он вирусҳо хурӯҷ кунад. Масалан, вируси ҳерпеси Зостер ҳаст, ки беморияшро мо тоҷикон “нағзак” меномему русҳо “ветрянка” мегӯянд. Баъди паси сар кардан ё бар муқобилаш воксин гирифтан, дубора гирифтори ин уфунӣ намешавем, вале, вирус дар баданамон якумрӣ мемонад. Ва агар бо сабабе (тарсидан, афсурдагӣ, бемориҳои заъфкунандаи масуният ва ғайра) масуният заъиф гардад, ин вирус “бедор” мешавад ва ба бемории Herpes zoster гирифтор мекунад.
Вале, чун аз инҳо хабар надорем, бепарвоем.
Вируси Ковид-19, ки расонаӣ шуду ҳама дар борааш медонанд, дигар ҳар хабареро мушикофона меомӯзанд ва дар таваҷҷуҳанд.
Ҳарчӣ набошад, зуҳур кардан ё накардани SARS-CoV-2 ба масунияти табиии якояки инсонҳо вобаста аст. Баъдан, таҷриба нишон медиҳад, ки аксар бо фаҳмидани он, ки гирифтори коронавирус шудаанд, он қадар афсурда мешаванд, ки масният тавони муқобилият ба вирусро гум мекунад ва барои вируси Ковид-19 шароити мусоид фароҳам мешавад ва аломатҳояш зуҳур мекунанд. Афсӯс, ки инро чӣ духтурон ва чӣ одамон ба инобат намегиранд. Дар ҳоле, ки заъфкунандаи асосии масуният ҳамин азияти равонист. Аз ҳамин хотир онҳое, ки дар онҳо вирус тасодуф пайдо мешавад азият мекашанду онҳое, ки ноаён ин уфуниро паси сар кардаанд, ҷонашон дар роҳат аст.
Хулоса, ғайримутахассисон ҳарчӣ камтар дар бораи Ковид-19 донанд, он қадар хубтар аст. Беҳтараш, ки дар бораи чораҳои пешгирӣ донему дар бораи саломативу осудагӣ, магар ки дар бораи бемориву нороҳатӣ.
Мусоҳиб Б.Шафеъ.