15 июни соли 2022 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки бар асари якбора хомӯш шудани қувваи барқ дар лифти Дармоноҳи №10 пойхтахт як хонум бо тифли хурдсолаш дармондааст.
Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва бо истифода аз техникаи махсус дари лифтро боз намуданд ва ин зан ва тифлашро беосеб наҷот доданд.
Онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд.