Дар шаҳри Ободони Ҷумҳурии Исломии Эрон як бинои 10 - ошёна фурӯ рехтааст ва теъдоде куштаву маҷруҳ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Эрон даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва худравҳои имдод ва як чархбол ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд ва талош барои наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда идома дорад.
Иллати ин ҳодиса то кунун эълон нашудааст ва ҷузъиёти бештаре аз он дастрас нест. Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфтааст, ки вусъати ин ҳодиса сангин аст.
Шоҳидон гуфтаанд, ки фурӯ рехтани ин маҷтамаъ боиси ларзиш ва эҳтимолан садама ба сохтмонҳои атроф шудааст, зеро ин бино дар маҳалли маскунӣ ҷой гирифта ва сохтмонҳои дигар то 200 метр аз ҳам фосила надоранд.
ВВС аз қавли сокинон гузориш додааст, ки дар ҳоле ки тӯфони ғуборӣ шаҳрро фаро гирифтааст, нерӯҳои амниятӣ ин минтақаро муҳосира карда ва тамоми роҳҳоро ба сӯи он бастаанд.
Мақомот ҳоло аз ҳалокати 10 нафар ва захмӣ шудани 32 нафар иттилоъ додаанд. 16 нафарро аз зери вайронаҳо берун овардаву саломат наҷот додаанд. Аммо шумори куштагони ин садамаи мудҳиш ва захмиён метавонад афзоиш ёбад.
Бахши форсии ВВС ба нақл аз Ваҳид Шаъбонӣ мудири омили Ҳилоли Аҳмари Хузистон навиштааст, ки дар айни замон ҳаддиақал 80 нафар зери вайронаҳоанд. Аммо хабаргузориҳои дигар иттилоъ додаанд, ки шумори зери харобаҳо мондагон эҳтимолан бештар аз 150 нафаранд.