Ҳаводиси олам

Шиддати гармо дар Аврупо. Ҷангалҳо оташ мегиранд, ҳазорон нафар аз маконҳои худ фирор мекунанд (ВИДЕО)

Сар аз ҳафтаи ҷорӣ саросари Аврупоро мавҷи гармо фаро гирифт обуҳавшиносон ҳолати бамаломадаро нигаронкунанда меномаанд. Рӯзи сешанбе дамои ҳаво дар Британияи Кабир гармтарин рӯзи сол буд. То нимирӯзи дар графигарии Суррей ҳарорат ба 39 1°С расид. Охирин бор соли 2019 дар Кембриҷ дамои ҳаво ба  38,7°С расида буд ва ҳоло ин рекорд шикаста шуд. Каме баъдтар эълон гардид, ки дар Хитроу дамои ҳаво ба  40,2°С расидааст ва он метавонад ҳамчунин то ба 42 дараҷа боло равад.

Марги мармузи 22 наврас дар Африқои Ҷанубӣ: Се нафар боздошт шуданд

Соҳиби 52-солаи клуби шабона ва ду нафар аз кормандони ӯ дар робита ба ҳодисаи ҳалокати 22 наврас дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ боздошт шуданд. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои фурӯши машрубот гумонбар мешаванд.

Ин ҳодиса рӯзи 26-уми июни соли равон дар як клуби шабона дар шаҳри Ист-Лондон рух дода буд. Бино ба гузориши...

Даҳҳо нафар дар вилоятҳои Зобул ва Ҳилманди Афғонистон ба бемории вабо мубтало шудаанд

Даҳҳо нафар дар влусволиҳои мухталифи вилояти Зобул ба бемории вабо гирифтор шудаанд. Мақомоти давлатӣ дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон ин хабарро расман тайид кардаанд. Хабаргузории Бохтар, ки дар назорати Толибон аст, гузориш додааст, ки афроде, ки ба тозагӣ ба ин беморӣ мубтало шуданд, аз сокинони влусволии Шаҳри Сафо дар ин вилоят ҳастанд.

Тӯфонҳои тропикӣ ва субтропикӣ

Тӯфони нимагармсерӣ (субтропикӣ) - системаи обуҳаво, ки дорои хусусиятҳои ҳарду тӯфон: тропикӣ ва ғайритропикӣ мебошад. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри 20 назарҳои мухталифе дар мавриди вижагиҳо ва табақабандии чунин тӯфонҳо вуҷуд дошт.

Маркази миллии тӯфонҳои Амрико соли 1972 шурӯъ ба шиносоии онҳо кард, дар ҳамон замон барои тӯфонҳои...

АЗ ГУЗАШТА. Сӯтори ҷангал дар моҳи июн

Моҳи июни соли 2007 дар ноҳияҳои гуногуни Юнон бар асари гармои шадид, ки ба ҳадди 40 дараҷа болои сифр расида буд, сӯхтори азим 270 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард.

Вазъи басо пурхатар рӯзҳои 23-27 август рух дод, ки сӯхтор аз назорат пурра хориҷ шуд ва оташ метавонист кулли бешаҳои ноҳияи Олимпро ба хокистар табдил...

Страницы