Соҳиби 52-солаи клуби шабона ва ду нафар аз кормандони ӯ дар робита ба ҳодисаи ҳалокати 22 наврас дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ боздошт шуданд. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои фурӯши машрубот гумонбар мешаванд.
Ин ҳодиса рӯзи 26-уми июни соли равон дар як клуби шабона дар шаҳри Ист-Лондон рух дода буд. Бино ба гузориши Франс пресс ҳалоконшудагон бе ягон захму нишони зарбу лат дар баданашон пайдо шудаанд. Ҷавонтарини онҳои 13 сол доштааст.
Ҷасадҳои пайдошударо ба сардхона интиқол доданд, то иллатҳои марги мармуз таҳқиқ шаванд.
Ҳарчанд сардори пулиси ҶАҶ аз макони ҳодиса дидан кард, вале то кунун рӯйхати комилу дақиқи ҳалокшудагон интишор наёфтааст. Гузоришҳои расида аз он ҳикоят мекунанд, ки ин наврасон вориди бар шуданд, то анҷоми имтиҳонҳои хатми мактабро ид кунанд.
"Клуб пур аз одам буд. Даромад ройгон буд ва боз ин ки нӯшокиҳои иловагиро ҳам ройгон ба қадаҳҳо мерехтанд. Мо ба нӯшидан оғоз кардем ва чун дигарон хурсандӣ мекардем,- гуфтааст ба ВВС як духтари ноболиғ, шоҳиди ин ҳодиса, ки аз эълони номаш худдорӣ кардааст. – Аммо баъд онҳо чун магасҳои заҳрхӯрда яке паси ҳам ба замин меафтоданд”.
Президенти ҶАҶ Сирил Рамафос ба хонаводаи ҳалокшудагон изҳори таслияту ҳамдардӣ кардааст. Вай дар як суханрониаш инро “бадбахтие” номидааст, ки шаробхорӣ меорад. Вай ваъда додааст, ки омилони ин ҳодиса боздошт ва ҷазо дода хоҳанд шуд.
Дар бораи сабабҳои ин фоҷеа гӯмагӯҳо зиёданд. Иддае машруботи заҳролудшударо сабаб медонанд, дигарон нӯшобаҳои спиртии муҳлаташон гузаштаро. Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд ин клуби шабона басо саросемавор сохта шуда буд ва он аз ду ошёна иборат буда, ҳамагӣ як дари вурудиву хуруҷӣ дорад.
Бо гузашти рӯзҳо то ба ҳол сабаби маргумири наврасон дар ин клуби шабона эълон нашудааст, мақомот аз гуфтани ҳар гуна фарзияҳо худдорӣ кардаанд.