Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода
Чоп шуд: 25/07/2022 | redaktorТамрини маҷмуъии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави шаҳри Турсунзода се рӯз дар се марҳила идома дошт. Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия, наҷот додани одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.