МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 3
Чоп шуд: 14/07/2022 | redaktorҚоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳои сунъӣ
- Агар шумо дар ҳавлӣ ё бӯстсарои худ ин гуна ҳавзҳо дошта бошед, пас боз ҳам талош кунед дар онҳо кӯдакони синни томактабиро тани танҳо нагузоред. Ҳатто онҳоро дар ташти пуроби хурдакак ҳам беназорат нагузоред. Кӯдак метавонад рӯ ба об уфтад ва ғарқ шавад. Дастони вай ҳоло қуввати бардошти тана ва ҷисми ӯро надоранд, аз ин рӯ, талош ҳам кунад, барояш мушкил аст бархезад.