Ҳамарӯза як ё ду хабари ғарқ шудани одамон дар обҳои кишвар мерасанд. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо ғарқшудагон мефавтанд, чун миёни зери об рафтану фаро расидани марг ҳамагӣ чанд сония аст. На ҳамеша ба имдодгарон ва афтрофиён муяссар мешавад дар ин муддати басо кутоҳ ғарқшудагонро солим наҷот диҳанд.
Ҳамин гуна ҳодиса рӯзи 2-уми июли соли равон дар канали дериватсионие, ки аз қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузарад, рух дода буд. Ду хоҳар, ки яке 10 ва дуюмӣ 12 сол доштанд, ҳангоме мехостанд аз ҷойи номувофиқ каналро убур кунад, сарозер шуданд.
Ҷасади якеро имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон рӯз пайдо ва ба волидонаш супурда буданд. Аммо барои пайдо кардани хоҳараки 10-солаи ӯ лозим омад тӯли чанд рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шаванд.
Билохира, рӯзи 13-уми июли соли равон ҷасади духтари дуюм низ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми гузар аз болои пулу убур аз каналу ҷӯйборҳо ва ҳангоми шиноварӣ эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу наздикони худро дар хатар наёяндозанд.