Гармои шадиду об шудани пиряхҳо. Хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 13/07/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми июли соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.