Activities calendar

10 июли 2022

Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар арафаи яке аз ойинҳои суннатии мардуми мусулмон – иди Қурбон қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.