Ширкат дар семинари муштарак
Чоп шуд: 16/07/2022 | redaktorКормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносони Платформаи миллии паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илм дар семинар оид ба санҷиши стресс дар системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.