15 июли соли 2022 соати 19:45 вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки лифти хонаи №8, кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе вайрон шудаву 5 нафар ноболиғон, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дармондаанд.
Барои кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд.
«Наврасон вақте бегоҳ аз кӯча ба хона бармегаштанд, савори лифт шуданд, дарҳо баста шуданд ва лифт каме боло рафту миёни ошёнаҳо дармонд. Онҳо муддати бештар аз як соат дар дохили лифт монданд, талош карданд ба хадамоти диспетчерӣ занг зананд, вале ҳеч кумаке дарёфт накарданд”, - гуфтанд наҷотдиҳандагон аз нақли онҳо баъди он ки дари лифтро боз кардаву онҳоро аз он берун оварданд.
Имдодгарон барои боз кардани лифт бо истифода аз таҷҳизоти гидравликии садамаву наҷот бештар аз 15 даиқа вақт сарф карданд. Наврасони аз лифт беруншуда ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
Соати 22:25 бошад як сокини шаҳри Душанбе аз кӯчаи Дӯстии халқҳо 9 занг зад ва хабар дод, ки наметавонад ба манзилаш ворид шавад. Маълум шуд, ки бегоҳӣ бо ду фарзандаш берун сайр рафтаву вақте бозгашт натавонистааст дарашро боз кунад.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.
Ҳодисаҳое назири фаромӯш шудани калид дар хона ва ё вайрон шудани қуфли дар зиёд иттифоқ меуфтанд. Аз ин рӯ, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад баъзе тавсияҳоро ба назар гиранд:
- кӯдаконро ҳаргиз танҳо нагузоред, ҳатто агар шумо ҳамагӣ барои чанд дақиқа берун меравед.
- пеш аз он ки аз хона берун шавед, аввал бубинед, ки оё калидро бо худ гирифтаед ё на.
- вақте аз хона мебароед, ҳамеша дастгоҳҳои барқиро хомӯш кунед.
Худ ва атрофиёнатонро эҳтиёт кунед!