Ҳушдор аз гармои шадид. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои рӯзҳои гарм
Чоп шуд: 19/07/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 19-23-уми июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба 39 -44 дараҷа мерасад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар 45-47 ва дар навоҳии ҷудогонаи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ба 35 + 40 дараҷа хоҳад расид.