Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ
Чоп шуд: 27/07/2022 | redaktor26 июли соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд тамринҳои маҷмуъиро оғоз карданд.
Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзӯи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои офтати табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” хоҳад гузашт.