Ҳушдор аз хокбориши рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 29-уми июл то 1-уми августи соли равон бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония хоҳад вазид, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

28-уми июли соли равон бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об таҳдид мекунад.

Рӯзҳои 28-30 июл ҳавошиносон аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ-ро пешбинӣ мекунанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки сокинон ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. 

барчасп: