Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!
Чоп шуд: 23/07/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.