Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.

Гармои шадид ва бесобиқа дар ноҳияҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ низ боқӣ  мемонад. Бино ба гузориши ҳавосанҷон дамои ҳаво дар ин манотиқ ба 37+40 дараҷа, дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то ба 42+44 дараҷа мерасад.  

22-25 июли соли 2022  бар асари гармои шадид дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об боло меравад. Рӯзҳои 22-24-уми июл хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, вуҷуд дорад.  

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Кумита аз сайёҳон ва ташкилотҳои гардишгарӣ хоҳиш мекунад бо назардошти вазъ дар соатҳои ҳаракатҳои худ ба самтҳои ёдшуда тағйирот ворид кунанд.

Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии алафҳои доруворӣ ва ғайра эҳтиёт кунанду ҳамеша ҳушёр бошанд. Чун маъмулан селҳо ногаҳонӣ меоянд ва сокинонро ғофилгир мекунанд.

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонон дар фасли гарморо метавонед аз ин ҷо муфассал бихонед:

барчасп: