Панҷ навраси ғарқшуда дар як шабонарӯз. Волидон фарзандонатонро эҳтиёт кунед!!!

Бо вуҷуди огоҳиҳои зиёд аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори тавсияҳо дар бораи ҳузур дар соҳили дарёҳоу кӯлу обанборҳо бо вуҷуди он дар обҳои кишвар одамон ғарқ мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта дар обҳои мамлакат 5 нафар наврасон ғарқ шуданд, ки калонтарини онҳо нав ба 18 қадам мегузошт.  

Ин ҳодисаҳо дирӯз дар ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва қаламрави шаҳри  Панҷекат рух доданд.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарон ва ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шуданд. Чор ҷасад пайдо ва ба волидонашон супурда шуд ва ҷустуҷӯи сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

Сабаби ин ғарқшавиҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва  надонистани қоидаҳои шиноварӣ буд.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекнуад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Як лаҳзаи бетаваҷҷуҳӣ метавонад фоҷеае дошта бошад, ки тамоми умр волидонро дар мотам нишонад.

ФАРЗАНДОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: