26 июли соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд тамринҳои маҷмуъиро оғоз карданд.
Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзӯи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои офтати табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” хоҳад гузашт.
Тамринҳо таҳти роҳбарии сардори мудофиаи граждании ноҳия, раиси ноҳияи Айнӣ М.К. Муродзода бо иштироки бевоситаи кормандони масъули КҲФ, намояндагони комиссияи ноҳиявии мудофиаи гражданӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои ноҳия мегузаранд.
Дар марҳилаи аввали машқ масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба сел, ярч, заминларза ва эвакуатсияи аҳолии ҷамоатҳо баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни машқҳо сатҳи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч, заминҷунбӣ тамрин шуда, омодагии неруву воситаҳои мақомоти ноҳия дар ҳолати рух додани офатҳо арзёбӣ мешавад.
Илова бар ин, омодагии сохторҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ, системаи огоҳкунии барм аҳал барои аҳолӣ дар бораи рух додани ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳо низ гузаронида мешаванд.