Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносони Платформаи миллии паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илм дар семинар оид ба санҷиши стресс дар системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Семинари мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNISDR) дар доираи лоиҳаи муштараки коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд. Дар семинар 32 нафар мутахассисон иштирок карданд.
Дар рафти семинар иштирокчиён сенарияҳои офатҳои табииро дар асоси сарчашмаҳои дахлдор таҳия намуда, ба иқтидори зарурии идоракунии хавфи офатҳоро мувофиқи сенарияҳои таҳияшуда авлавият доданд.