Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар доираи барномаи “Тобистони бехатар” бо истироҳаткунандагони тафреҳгоҳи тобистонаи “Содат” дар қаламрави деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ гузарониданд ва дар бораи рафтор ҳангоми ҳодисаҳои фавқулода суҳбат карданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ дар кӯдакон ташаккул додани ҳисси масъулияти бошуурона барои амалҳои худ, васеъ намудани дониш оид ба қоидаҳои бехатарӣ буд.
Дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо бачаҳо ва муаллимони онҳо дар мавзӯҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ҳамсуҳбат шуданд. Онҳо бештар дар бораи ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулода, аз ҷумла дар бораи риояи қоидаҳои шиноварӣ, амалҳо ҳангоми омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва ғайра суҳбат карданд. Ҳамзамон дар бораи техникаи муосире, ки бо он корҳои гуногуни наҷот роҳандозӣ мешавад, нақл карданд ва амалан онҳоро нишон доданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ин гуна дидору мулоқотҳои судбахш бо сокинон дар кулли вилояту ноҳияҳои кишвар баргузор мешаванд.