Дар Италия ҳазорон нафар бар асари қисман хушкидани рӯди По азият мекашанд. Мақомот сабаби инро дар гармои бесобиқа дар минтақа медонанд. Ин ҳолат аз рӯз ба рӯзи дигар хатари беобиро бештар кардааст. Аз нарасидани об ҳосили ҳазорон гектар заминҳои кишт норсид мехушканд. Ҷое, ки ҳамагӣ моҳе пештар сабзу хуррам буд ва маконе, ки оби фаровон аз он ҷорӣ буд, ҳоло сурати як биёбони хушкро ба худ гирифтааст.
Дар шимоли Италия хушксолии имсоларо шадидтарин хушксолӣ дар 70 соли ахир медонанд ва сабаби он камборишӣ ё беборишӣ дар баҳор ва оғози тобистон, кам боридани барф дар фасли зимистон ва гармои шадиди ин шабу рӯз аст.
Ахиран сели азиме, ки бар асари об шудани пиряхҳо омад, 11 нафарро ба ҳалокат расонд.
Аввали моҳи июли соли равон дар панҷ минтақаи шимоли Италия ба сабаби хушксолии бесобиқа ҳолати фавқулода эълон шуд. Дар даҳҳо навоҳии минтақа меъёри истифодаи об ҷорӣ гардид.
Деҳқонони водии По мегӯянд бахше аз ҷойҳои дарё аз об холӣ шуд, вале дар баъзе аз минтақаҳо оби шӯр аз баҳрҳо ҷорӣ гардид, ки ин барои зироат марговар аст. Зеро зироатҳои кишварзӣ ин миқдори намак дар обро таҳаммул намекунанд. Онҳо мегӯянд эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки наздик ба чор ҳиссаи ҳосили кишоварзиро аз даст бидиҳанд.
Рӯди По дар шимоли Италия аз қисмати қанубу ғарбии Алп сарчашма мегирад ва то баҳри Андриотик масофаи 650 километрро тай мекунад. Қариб се ҳиссаи сектори кишоварзии кулли Италия аз оби ҳамин дарё шодоб мешавад.
Профессори Донишгоҳи Феррари Паоло Кявола гуфтааст, ки маъмулан оби шӯр аз резишгоҳи ҳамин дарё мерезад ва тӯли чандин километр дар он боқӣ мемонад. Ҳарчанд ҷараёни оби ширин ба оби шӯр фишор меорад, аммо ҳоло дида мешавад, ки дарё неруи пешинро надорад. Аз сӯи дигар ҳавошиносон дар ин рӯзҳову ҳафтаҳои наздик боришотро пешбинӣ намекунанд ва ин ба он маъност, ки вазъ буғранҷтар мешавад.
Ин донишманд ба ин назар аст, ки аз ин ба баъд вазъе назири имрӯз барои минтақа як чизи ғайриодӣ нахоҳад буд, он ба ҳолати маъмулӣ хоҳад даромад ва Италияро лозим меояд ба чунин вазъ худро мутобиқ созад ва аз қабл ҳукумат барномарезиҳои ҷубронкунандаро дошта бошад.
Дар айни замон садҳо нафар сокинони шимоли Италия паёмадҳои ин хушксолиро таҷриба мекунанд. Дар натиҷаи ҷорӣ шудани меъёри истифодаи об дар шаҳрҳо фаввораҳоро мебанданд, ба одамон лозим меояд худро ба шароити нав мутобиқ намоянд.
4-уми июли соли 2022 хабар дода мешуд, ки бар асари лағзиши тарма дар Италия шаш нафар кӯҳнавардон ҷони худро аз даст доданд ва 19 нафари дигар бенишон шуданд.