Даҳҳо нафар дар вилоятҳои Зобул ва Ҳилманди Афғонистон ба бемории вабо мубтало шудаанд

Даҳҳо нафар дар влусволиҳои мухталифи вилояти Зобул ба бемории вабо гирифтор шудаанд. Мақомоти давлатӣ дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон ин хабарро расман тайид кардаанд. Хабаргузории Бохтар, ки дар назорати Толибон аст, гузориш додааст, ки афроде, ки ба тозагӣ ба ин беморӣ мубтало шуданд, аз сокинони влусволии Шаҳри Сафо дар ин вилоят ҳастанд.

Аз ин пештар раиси беҳдошти ҳукумати Толибон дар Зобул аз мубтало шудани 50 кӯдак танҳо дар як влусволӣ хабар дода буд. Ин манбаъ гуфта буд, ки ҳоло пизишкон ба минтақа фиристода шудаанд.

Бино ба оморҳои расмӣ танҳо 32 дарсади сокинони вилояти Зобул ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд ва ин метавонад яке аз омилҳои густариши вабо дар ин манотиқ гардад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти маҳаллӣ дар Ҳилманд низ тайид карда буданд, ки бист нафар бар асари гирифторӣ ба вабо дар ин вилояти воқеъ дар ҷануби Афғонистон даргузаштанд.

Хабаргузории давлатии Бохтар ду рӯз пеш хабар дода буд, ки танҳо дар влусволии Боғрони ин вилоят бештар аз 120 нафар гирифтори вабо шудаанд. Аксҳои мунташиршуда нишон медиҳанд, ки беморон дар вилоятҳои Ҳилманд ва Зобул имкони хеле маҳдуди муроҷиат ба табибон доранд.

Ҳафтаҳои гузашта вазорати беҳдошти ҳукумати Толибон эълон карда буд, ки зарфи панҷ моҳи ахир шумори зиёде дар ин кишвар мубтало ба бемориҳои сурхак ва вабо шудаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд иллатҳои аслии густариши бемориҳои уфунӣ дар Афғонистон асосан барҳам хӯрдани низоми беҳдоштие мебошад, ки зарфи 20 соли ахир бо талоши ҷомеаи байналмилалӣ сохта шуда буд ва баъди вуруди Толибон ба Афғонистон тағйироти сиёсӣ ин низомро дарҳам шикаст.  Бахши бузурги манбаҳои беҳдоштиву дармонӣ ҳоло ё дар дасти Толибонанд ва ё аз кишвар хориҷ шудаанд ва дигар ҳеч фаъолияте надоранд ва кумакҳои беҳдоштии байналмилалӣ ҳам ба иллати сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон мутаваққиф шудааст.

Пас аз ҷорӣ шудани як ришта селобҳои густарда дар вилоятҳои ҷануб ва ҷанубу ғарбии Афғонистон мақомҳои беҳдоштӣ дар ин кишвар гуфтаанд, ки мавридҳои зиёди бемории вабо ба таври ногаҳонӣ ба ин вилоятҳо мушоҳида шудааст. 

барчасп: