Ин фоҷеа дирӯз, 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух дод. Панҷ нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.
Танҳо яке марди болиғ буд, ки 45 сол дошт. Боқӣ ноболиғоне буданд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидони қурбоншудагон таслият арз мекунад.
Кумита ба сокинон муроҷиат мекунад, ки аз чунин корҳое, ки паёмадҳои нохубу нохӯш доранд, худдорӣ кунанд. Ҳаргиз набояд ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо тифлону наврасонро ҷалб намуд.