Наҷоти як сокини Данғара дар канали Душанбе. 51 сол дошт, дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард

24 июли соли 2022 соати 18:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои канали дериватсионӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоҳиди ғарқ шудани як мард шуданд.

Сармутахассиси мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсат Ҷунайдулло Ализода худро ба оби пурхурӯши канал ҳаво дод ва ба ёрии он мард шитофт. Вақте ба мард расид, ӯ дигар маҷоли ҳаракат надошт ва зери об ғарқ мешуд.

Бо тамоми қувва ғарқшавандаро ба соҳил кашид ва ҳамроҳ бо ҳамкорон ба вай нафаси сунъӣ доданд ва ёрии аввалияи тиббӣ расонданд.

 Маълум шуд, ки ӯ 51 сол дошта, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон будааст. Онҳо чор нафар дар ҷойи барои шиноварӣ мамнуъ оббозӣ мекарданд.

Сабаби асосии ғарқ шудан надонистан ва ё риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар макони мамнуъ буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки агар шиноварӣ наметавонанд, беҳтараш вориди об нашаванд. Бахусус, оббозӣ дар мавзеъҳои мамнуъ пурхатаранд.

барчасп: