Обилаи маймун: Оё метавон онро таҳдиди нави вирус номид?

Ҳафтаи сипаришуда Подшоҳии Британияи Кабир аз сирояти 78 нафар ба вируси обилаи маймун хабар дод. Дар гузориши мақомоти беҳдоштии ин кишвар омада буд, ки то ба имрӯз мубталоён ба ин вирус онро ба осонӣ пушти сар карданд ва ҳолати вазнин ба қайд гирифта нашуд. Гуфта мешавад, ки густариши беморӣ дар Аврупо, Амрико ва Австралия аз Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ, ки ҳоло ба сурати вогир даромадааст, оғоз шудааст. Иртиботи мустақим бо шаҳрвандони олудаи ин вирус аз мамолики Африқо яке аз омилҳои аслии афзоиши сафи мубталоён дар Аврупо дониста мешавад.

Вируси обилаи маймун чӣ вирус аст ва илми тиб аз кай бо он ошност? Барои посух ба ин суол таърихи ин бемориро мурур кардем. Донишномаи озод шарҳ додааст, ки:

Обилаи маймун (Monkeypox) як бемории уфунии вогири ношӣ аз вируси обилаи маймун, ки метавонад дар бархе аз ҷонварон ва низ инсон пайдо шавад. Нишонаҳои он таб, сардард, дарди мушакҳо, тахтапушт буда, гирифтори ин беморӣ ҷисман хаста мешавад. Ба дунболи он донаҳое дар бадан пайдо мешаванд. Аз замони пайдо шудани аввалин нишонаҳо то сироят ба тамоми бадан бештар аз 10 рӯз мегузарад.

Обилаи маймун мумкин аст бо даст задан ба гӯшти шикоршуда, неш ё хароши ҷонварон, моеъоти бадан, ашёи олуда ё иртиботи наздик бо шахси мубтало ба каси дигар гузарад.

 

ИН БЕМОРӢ ЧӢ ГУНА ТАШХИС МЕШАВАД?

Бо нишонаҳои аввал муайян кардани вируси обилаи маймун мушкил аст, зеро он низ мисли аксари бемориҳои дигари уфунӣ бо ҳамон сардарду таби баланд оғоз мешавад. Аммо дар қадамҳои аввали пайдо шудани нишонаҳо, аз ҷумла дард дар кафи дастон, кафу панҷаи пойҳо ва дигар аъзои бадан шахси гирифтор метавонад ба табибон муроҷиат кунад. Агар духтурон ба ин натиҷа расанд, ки нишонаҳои вируси маймун ҳувайдост, пас барои дақиқ шудани ташхис ӯро ба супурдани аввалин таҳлил ба озмоишгоҳҳо равона мекунанд.

Агар дар воқеъ исбот шавад, ки шахс ба вируси обилаи маймун гирифтор шудааст, пас барояш дору ва низоми муолиҷа таъин мешавад. Табобати он маъмулан дар хона, бо карантини муваққатӣ барои бошандагони манзил ва дурӣ аз ҳар гуна иртибот бо инсон мегузарад.

Тибқи қонун бояд табибон номи кулли онҳоеро, ки зарфи чанд рӯзи охир бемор бо онҳо иртибот дошт, ёддошт кунанд ва ҳамаи онҳоро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд, то сироят густариш наёбад. 

Ин беморӣ метавонад шабеҳи обилаи мурғон бошад.

 

ПЕШГИРӢ АЗ ОН ИМКОН ДОРАД?

Оре, чун дигар бемориҳои уфунии вогир обилаи маймун низ воксина дорад ва он метавонад то 85% барои пешгирӣ самаровар бошад. Воксани Jynneos барои муқобила бо обилаи маймун барои бузургсолон соли 2019 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайид шуда буд. Стандарти кунунӣ барои дармон тековиримат аст. Ин дору барои табобати беморони гирифтор ба обилаи маймун дар Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА тайид шудааст. Аммо мутахассисон мегӯянд муолиҷаи ин беморӣ низ ба монанди ҳамон касалиҳоест, ки обилавианд.

 

ОБИЛАИ МАЙМУН БЕМОРИ НАВ АСТ Ё ПЕШ ҲАМ МАЪЛУМ БУД?

Обилаи маймун чун бемории инсон бори аввал соли 1970 дар Ҷумҳурии Демократии Конго (Зоири пешин) ба қайд гирифта шуда буд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ миёни солҳои 1981-1986 дар Конго 338 ҳодисаи сироят ба ин вирусро сабт кард, ки 9,8 дарсади гирифторон фавтиданд.

Солҳои 1996-1997 дуюмин мавҷи сироти он ба қайд гирифта шуд. Аз соли 1991 то соли 1999 дар Конго (Зоир) 511 нафар чун мубтало ба обилаи маймун сабт шуданд.

Дар аввалҳо обилаи маймун танҳо дар ҷангалҳои тропикӣ дида мешуд. Аммо соли 2005 онро 49 маврид дар Судон кашф карданд. Хушбахтона, ҳамаи ин беморон шифо ёфтанд ва ягон ҳодисаи фавт сабт нашуд. Баъдан таҳқиқ гардид, ки ин вирус аз Конго ба Судон ворид шуда буд. 

  Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2011 то соли 2014 2000 ҳодисаи гирифторӣ ба ин вирус маълум шудааст.

Аммо аз соли 2018 ҷуғрофиёи густариши ин беморӣ васеъ шуд. Аввалин ҳодисаи сироят ба ин вирус дар ИМА соли 2003 ба қайд гирифта шуд. Ин замоне ошкор шуд, ки як кӯдакро саге газид, ки онро соҳибонаш аз бозори хурдакаки иёлати Висконси харида буданд. То 20-уми июни соли 2003 дар ИМА 71 ҳодисаи сироят ба обилаи маймун сабт шуд ва ҳамаи ин ҳодисаҳо марбут ба кӯрмуши мансуб ба оилаи миримушони Гамбия буд, ки моҳи апрели соли 2003 аз Аккра, Гана ба иёлати Техас ворид карда буданд.

Моҳи сентябри соли 2018 аввалин ҳодисаи обилаи маймун дар қаламрави Подшоҳии Британияи Кабир ба қайд гирифта шуд. Дар хабар гуфта мешуд, ки он аз як шаҳрванди Нигерия сироят шудааст, ки ба Британия омад буд. 

Шуруъ аз соли 2021 шумори мубталоён ба обилаи маймун дар Британияи Кабир рӯ ба афзоиш овард.

Сироят ба обилаи маймун дар Сингапур низ ба қайд гирифта шуда буд ва боз ҳам гуфта мешуд, ки он аз Нигерия омадааст.

 

ОЁ ВИРУСИ ОБИЛАИ МАЙМУН ҲАМ МЕТАВОНАД ХАТАРЕ ЧУН ВИРУСИ КОВИД-19 ДОШТА БОШАД?

Посухи қатъӣ ба ин суол ҳоло имкон надорад. Вале  23-уми майи соли равон Созмони ҷаҳонии тандуруситӣ эълон кард, ки вируси обилаи маймун, ки ҳоло дар 16 кишвари берун аз қораи Африқо ба қайд гирифта шудаву ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст, мутатсия нашуд, гузинаҳо ва нусхаҳои дигари он сабт нашудааст. 

Таҳлилгарон ин созмон далел надоранд, ки ин вирус дар шаклҳои дигар зоҳир шуда бошад. Сарвари бахши мубориза бо обилаи СҲТ Розамунд Люис ахиран хабар дод, ки то кунун нусхаҳои дигари вируси обилаи маймун дар ягон кишвари олам дида нашудааст, яъне он ҳоло худро дигаргун накардааст. Вале таҳлилгарони созмон сабабҳои афзоиши сафи мубталоёнро таҳлил мекунанд.

Ҳамзамон бо ин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ натиҷаи як пажӯҳиши худро ҳам эълон кард, ки тибқи он бештари сироятёфтагон ҳамҷинсгароён ва ва дуҷинсгароён будаанд.

 

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ? ХАТАРЕ БА СИРОЯТ БА ИН ВИРУС ВУҶУД ДОРАД?

Ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда буд, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба вируси обилаи маймун сабт нашудааст. Обилаи маймун дар Тоҷикистон бештар бо номи обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун ёд мешавад.

Бо истифода аз Интернет таҳияи Б.Шафеъ

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: