25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 11:00 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод аз қаторкӯҳои Исмоили Сомонӣ, аз як пиряхи бузург як пора канда шуда, аз тариқи дара поён лағжидаст.
Бино ба гузориши расида дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан ду километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.
Ин ҳодиса хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. Аммо мутахассисон мегӯянд бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.


