Омори ғамангези занони ҳомила дар давраи пандемия

Таҳқиқоти ахири як гурӯҳи олимони байналмилалӣ нишон дод, ки ҳангоми пандемия фоизи ҳомиладории номуваффақ якбора афзудааст. Аз ҷумла, омори кӯдакони мурда таваллудшуда зиёд шудааст. Олимон инро ба он рабт медиҳанд, ки бинобар маҳдудиятҳои мухталиф дар муассисаҳои тиббӣ ва ба таври куллӣ бекор кардани ташхисҳои барномарезишуда аз баҳори соли равон, занони ҳомила дар аксари кишварҳо тавре бояд назорат намешаванд.

Мушкилоти ҳомиладорӣ сари вақт ташхис муайян карда намешаванд, ки ин оқибатҳои ғамангезро ба бор меорад. Муҳаққиқон мегӯянд аксар вақт муроҷиати зани ҳомила ба далели ҳимояи вай аз сироят ба КОВИД-19 дар бемористонҳо рад карда мешавад ва ин амал баръакс мушкилро бештар мекунад.  

Дар аввали моҳи август, нашрияи мӯътабари илмии The Lancet Global Health бо истифода аз далелҳои бадастомада аз Непал чунин таҳқиқотро нашр кард. Дар он зиёда аз 20 ҳазор заноне, ки дар нӯҳ беморхонаҳои гуногуни кишвар таваллуд мекунанд, ширкат варзиданд. Таҳқиқот нишон дод, ки омори таваллуди тифли мурда танҳо дар ду моҳ 50% зиёд шудааст. Дар ин кишвар моҳи март аз 1000 тифл 14 тифл мурда ба дунё омадааст ва моҳи май бошад аз 1000 тифл 21 тифл мурда таваллуд шудааст. 

Дар ҷараёни таҳқиқоти охирин олимон ба хулосае омаданд, ки вазъ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон тақрибан яксон аст.