Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 18/09/2020 | admin17 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи амалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Ҷаласа таҳти раисии сардори Сарраёсати Кумита – котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов доир гардид.