Инҳодиса дирӯз рух дод. Як сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахти кишвар ба телефони “112” занг зад ва хабар дод, ки дари оҳании манзилаш баста шудаву калидро фаромӯш кардааст ва кӯдакаш дар даруни хона танҳост.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. Онҳо аввал вазъро омӯхтанд ва ба хулосае омаданд, ки ба манзили шаҳрванд танҳо аз тариқи тирезаи он метавон ворид шуд. Ин манзил дар ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна ҷойгир шуда буд.
Имдодгарон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ вориди хона шуданд. Дарро аз дару боз карданд, тифлро солиму саломат ба волидонаш супурданд. Ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ набуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад: ҳатто агар кӯдаки шумо паси дари баста танҳо монд, шумо аз паси дар бо вай дар гуфтугӯву муколама бошед, аз дами дар дур нашавед, то фарзандатон худро танҳо ҳисс накунад ва донад, ки шумо бо ӯ хоҳед монд.
Ҳангоми аз хона берун шудан, бадиққат бошед, калидро фаромӯш накунед. Ба кӯдакон дар бораи он ки агар рафту дар баста шавад, бояд чӣ кор кунанд, суҳбат кунед. Онҳоро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаи эҳтимолии дар хона танҳо мондан, огоҳ созед.