17 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи амалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Ҷаласа таҳти раисии сардори Сарраёсати Кумита – котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов доир гардид.
Дар он масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон баргузор шавад, дар бораи таҳияи лоиҳаи барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2020-2023, ки аз “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030” бармеояд, дар мавриди моноторинги иҷрои “Барномаи қолабии Сендай” ва натиҷаҳо ва дастовардҳои Платформаи миллӣ барои солҳои 2019-2020 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ширкаткунандагон масъалаҳои ояндабинӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, сифати роҳандозии корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар қитъаҳои осебпазир дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар мавриди натиҷаи фаъолиятҳои хадамоти давлатии назорати равандҳои экзогенӣ, дар бораи тартиби идораи хатари офатҳо дар доираи ташкили он дар ҳавзҳо ва зарурати сафарҳои саҳроии гурӯҳҳои коршиносонро низ барарсӣ карданд.
Дар кори ҷаласа намояндагони 12 вазорат ва идораҳо, ҳамчунин Барномаи Рушди СММ ва Раёсати СММ оид ба хатари офатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Ҷаласа дар чорчӯби лоиҳаи Барномаи Рушди СММ, ки Дафтари Ннамояндагии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо дастгирӣ мекунад, доир гардид.