Бино ба гузоришҳои расмӣ дар мавриди омори КОВИД-19 шумори мубталоён ба ин беморӣ субҳи рӯзи 18-уми сентябри соли равон 30 миллиону 351 ҳазору 723 нафар эълон шуд. Аз ин беморӣ дар саросари олам то кунун 950 ҳазору 557 нафар ҷон бохтанд. Зарфи як шабонарӯз теъдоди нав сироятшудагон 88 ҳазору 511 ва фавтидагон 1925 нафар афзуд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд теъдоди нав сироятёфтагон ба коронавирус дар Аврупо аз нишондоди пандемияи моҳи март боло рафт. Дар ин росто дар Нидерландия афзоиши беморон бесобиқа будааст.
Дар Олмон бошад зарфи 24 соати гузашта теъдоди мубталоёни нав дар қиёс ба моҳи апрели соли равон афзуд.
Аз имрӯз, ҷумъа дар як қатор шаҳрҳои Англия тадбирҳои иловагии карантин ҷорӣ хоҳад шуд.
Ҳукумати Урдун низоми маҳдудиятҳоро аз 17 то 30 сентябр аз сар мегирад. Сабаби ин афзоиши сафи сироятшудагон ба коронавиурс аст.
Шаҳри Вуҳон, ки дар маркази вилояти Ҳубейи Чин воқеъ буда, дар гузашта вируси КОВИД маҳз аз ҳамин шаҳр сар берун оврада буд, баъди ҳафт моҳи таътил аввалин ҳавопаймои байналмилалиро қабул намуд.
Белорусия аз ҳафтаи оянда санҷиши воксани Русия аз коронавирус “Спутник V”-ро ба ихтиёриён оғоз мекунад.
Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин назар аст, ки ситораҳое, ки дар замони карантин тӯйҳои пурдабдаба баргузор мекунанд, танҳо бо ҷарима маҳдуд нашаванд. Вакилони маҷлиси Ӯбекистон мегӯянд ҳунармандони маъруф бояд барои ҷавонон намуна бошанд, на ки бо амалҳои худ меъёрҳои карантинро нақз кунанд ва бо ин роҳ саломатӣ ва ҳаёти атрофиёнро дар хатар гузоранд.
Бино ба омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон сироят ба коронавирус дар кишвар тадриҷан боло меравад. Ин манбаъ шоми гузашта иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 9214 нафар расид.