ПАЖӮҲИШ. КОВИД-19: Ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвон. Хуффош, забод, панголин ва ҳоло вашақ

Аз замони оғози ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 қариб ҳамеша ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвонҳо будааст. Яъне ин вирус аз кадом ҳайвоне гузашта ва аз одамон ба одамони дигар, ҳамин тавр паҳн шудааст. Бори аввал хуффош сабабгори паҳн шудани ин беморӣ эълон шуд ва таҳқиқотҳои густардае ҳам дар ин замина сурат гиифтанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ, дар айни авҷи вируси корона дар Чин ва густариши он ба кишварҳои дигар олимон талош ҳам карда буданд, ки имкониятҳои аз мурчахӯр сироят шудани вирус ба инсонро мавриди таҳқиқи қарор диҳанд.

Дар айни таҳқиқоти ҳайвонҳои гуногун донишмандон формули генетикии вируси ҷадидро, ки аз бадани як бемор ба даст омада буд, пайдо карданд ва мушахахс шуд, ки хуффошҳои Чин интиқолдиҳандаи  ин вирус ба инсон  шудаанд. Ин пистондорон дар гурӯҳҳои бузург даври ҳам ҷамъ мешаванд, ба масофаҳои тӯлонӣ парвоз мекунанд ва дар тамоми қораҳои олам ҳузур доранд.  Хуффошҳо ба нудрат якдигарро мариз мекунанд, вале метавонанд омили беморизоро дар масофатҳои тӯлонӣ ва ба таври густарда паҳн кунанд.

Алина Чан, профессори Институти Броуд боре гуфта буд:"Мушкилот бо Covid-19 маҳз дар он аст, ки мо то ба ҳол дар бадани ягон ҷонвар вируси шабеҳ ба SARS-CoV-2-ро пайдо накардаем, ки бигӯем одамон аз ҳамин ҳайвон сироят шудаанд. Баръакс буд: ҳамаи ҳайвонҳое, ки дар баданашон вируси SARS-CoV-2 ошкор гардид, аз одамон сироят шуда буданд”.
Хуффош, панголин, бозори Вуҳон? Далеле нест. Изи коронавирус гум мешавад

Аммо ахиран вашақҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Миллионҳо сар аз ин пистондоре, ки барои пӯст ва пашмаш дар бисёр кишварҳои Осиё ва Аврупо махсус парвариш мешавад, нобуд карда шуданд. Ахиран ВВС як гузориши таҳлилие интишор дод, ки тасмим гирифтем барои рушан шудани то куҷо олуда вируси корона будани вашақ, ин ҷо оварем.

Корона: Моҷарои вирусе, ки  аз вашақ ба инсон ва аз инсон ба вашақ мунтақил шудааст, чист?

Ба гуфтаи яке аз пажӯҳишгарони барҷастаи ҳоландӣ ин вирус дар моҳи май дар як мазрааи (фермаи) парвариши вашақ дар Ҳоланд дида шуд ва вашақҳои мубтало нобуд карда шуданд ва ба инсон сироят накард.  Корона дар мазрааҳои  парвариши вашақҳо дар шаш кишвари дунё авҷ гирифт ва ҷаҳишҳои (мутатсияҳои) он боиси маъдуд шудани 17 миллион вашақи парваришӣ дар Дания шудааст.

Пас аз он ки донишмандони даниягӣ мутаваҷҷеҳи тағйири генетикӣ дар вируси корона шуданд, ки мумкин аст таъсири воксанҳои сохташавандаро коҳиш диҳад, муқаррароти карантин дар манотиқе аз ин кишвар, ки мазраъаҳои парвариши вашақ доранд,  эъмол шудааст, ҳамзамон беш аз 200 нафар дар Дания  бар асари тамос бо вашақ, ин пистондори кӯчак ва гӯштхӯр аз хонаводаи росуҳо ба корона мубтало шуданд. Британия  ба далели нигаронӣ аз авҷи ин вируси ҷадид вуруди кулли мусофиронро аз Дания билофосила мамнӯъ кард. 

Дар байни панҷ ҷаҳиши (мутатсияи) вируси корона, ки дар вашақ шиносоӣ шуда (мавсум ба хушаи панҷум), донишмандон шадидан нигарон ҳастанд, ки то кунун 12 нафарро мубтало карда ва ба подтанҳои (антителаи) корона камтар ҳассос аст. Ва ин муҷиби нигаронӣ ба таъсири воксанҳоест, ки дар ҳоли ҳозир бо талоши олимон сохта мешаванд.  

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз ин бобат изҳори нигаронӣ карда, аммо гуфта, ки барои шинохтани таъсири ин ҷаҳиш бар воксан ва усулҳои дармонҳои оянда ба таҳқиқоти бештаре ниёз аст. Профессор Вим Ван дер Поэл мутахассиси тибби ҳайвонот дар донишгоҳи Вагенингени Голландия ба ВВС гуфтааст, ки баррасии ёфтаҳои генетикӣ нишон медиҳанд, ки  аввали моҳи май як мавриди мутатсия дар як мазрааи парвариши вашақ дар Голландия шиносоӣ шуда буд.  “Мо як вирусро, ки дар рамзи сафедаи криптовалютӣ дар фермаи парвариши вашақҳо дар Голландия дидем, аммо тамоми вашақҳои он мазраа нест карда шуданд”.

Вируси корона ҳам монанди дигар вирусҳо дар тӯли замон аз нигоҳи генетикӣ ҷаҳиш мехӯрад (мутатсия мешавад) ва ҳеч исботу далеле вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ин мутатсияҳо дар Дания хатари бештаре доранд. 

Доктор Морисо Пиро ҳамагиршиноси муассисаи таҳқиқотӣ дар Фаронса мегӯяд ин мавзӯъ нигаронкунанда аст, аммо ҳанӯз тасаввури рушане аз он надорем. “Ҳар боре, ки вирусе аз ҳайвоне ба ҳайвони дигар сироят мекунад, дучори тағйир мешавад ва агар бо намунае, ки дар инсон паҳн шудааст фарқи зиёде дошта бошад, мумкин аст ба ин маънӣ бошад, ки ҳар воксан ё дармоне, ки дар ояндаи наздик тавлид шавад, хеле муассир нахоҳад буд”.

Ин сирри рӯйдодҳои ғайриодӣ аст; як вирус ибтидо  аз як ҳайвони ваҳшӣ, эҳтимолан хуффош ба як ҳайвони номаълуми дигар гузашт ва аз он ба инсон мунтақил шуд ва ҳамагирии ҷаҳонӣ пайдо кард. Вашақҳое, ки ба теъдоди зиёд дар мазрааҳои парваришӣ нигаҳдорӣ мешуданд,  ин вирусро аз коргарон олуда гирифтанд ва дар мавридҳои андаке вирус дубора аз вашақҳо ба инсон гузашт ва дар ин масир тағйири генетикӣ пайдо кард.

Мутатсияи генетикӣ дар баъзе аз штаммҳои мартуб ба  вашақ дар сафедаи хормонанди вирус рух додааст, ҳамон нуқта ҳадафи баъзе воксанҳоест, ки ҳоло сохта мешаванд. Доктор Пира ба ВВС гуфт: “Агар ин мутатсия дар ҳамон сафедае бошад, ки созандагони воксан хостори вокуниши  масуният шудаанд, агар штамми нави вирус аз вашақ дубора ба инсон интиқол ёбад, ҳатто бо вуҷуди воксан инсон онро  мунташир мекунад ва воксан ҳам аз он пешгирӣ намекунад”.

Солона беш аз 50 миллион вашақ дар Чин, Дания, Нидерландия ва Лаҳистон парвариш карда мешаванд. Хуруҷи корона дар фермаҳои вашақпарварии Голландия, Дания, Испания, Шветсия, Италия ва Амрико гузориш шудааст ва миллионҳо ҳайвон нобуд карда шудаанд. Голландия мамнуъияти парвариши вашақҳоро аз соли 2024 ба соли оянда пеш овард ва Фаронса ҳам онро аз соли 2025 мамнуъ кард. Дар Британия парвариши вашақ барои пашми он манъ шудааст. 

Вашақ ҳам мисли хешовандонаш аз ҷумлаи росуҳои аҳлӣ (хонагӣ) аз сирояти вирусҳои роҳи нафасӣ эмин нест. Дар ин ҳайвонҳо корона тавре сироят шавад, ки мумкин аст ҳеч аломате надошта бошад ва ё мушкили ҷиддӣ, ба мисли уфунати шуш эҷод кунад. Корона аз инсон ба шумори зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ ҳам мунтақил шуда, аммо ба назар мерасад вашақ осебпазиртар будааст. Нигаҳдории ҳазорон вашақ канори ҳам дар фермаҳои парвариш ҳам шароити бисёр муносиберо барои интишори вирусҳои роҳи нафасӣ фароҳам меорад. 

Донишмандон ҳадс мезананд корона дар вашақҳо аз қатраҳои вирусдор, ғизо, ҷойи хоб ё аз ғуборе, ки қатраҳои вирусӣ дорад, сироят мешаванд. Корона аз инсон ба вашақҳо мунтақил шудааст, вале баррасиҳои генетикӣ нишон медиҳанд, ки мавридҳои андаке корона дар ҷиҳати акс ҳаракат карда ва аз вашақҳо ба инсон баргаштааст.

Профессор Ҷоан Сантини аз Донишгоҳи Лондон мегӯяд вашақ “махзани вирус” шуда, аз ин рӯ бояд бар ҳайвоноти ваҳшиву хонагие, ки бештар ба бемориҳои дилу раг ҳассосанд, назорат кард. "Мавриди вашақ ин шадидтарин ҳолат аст, аммо  метавонад дар ҷойи дигар ҳам дар ҳоли воқеъ бошад ва мо инро намедонем, пас чизе аст, ки бояд баррасӣ кунем.  Чизе ки медонем ин аст, ки вашақ аз инсон корона мегирад ва ба он олуда мешавад ва он байни худи вашақҳо ва аз онҳо дубора ба инсон бармегардад”.

Пажӯҳишгарони даниягӣ машғули таҳқиқ дар бораи коронаҳои марбут ба вашақ ҳастанд ва ёфтаҳояшонро дар дастрасии умум гузоштаанд. 

Профессор Сантини мегӯяд: “Мо бояд бифаҳмем ин мутатсияҳои генетикӣ дар куҷо сурат гирифтаанд ва ба таъсирнокии вирус то куҷо таъсир мерасонанд ва вирусро то куҷо беморизо мекунанд, чун агар вирус дар ҳоли тағйир бошад ва беморизотар шавад ва мизбонҳои бештаре пайдо кунад, хеле тарснок аст ва шояд чунин набошад, мо ҳоло намедонем”.

Баъзе донишмандон хостори маҳдудияти парвариши вашақ ҳастанд, чун ба ин боваранд, ки ба муқобила бо худи коронавирус шадид аст. Се донишманд аз Дания, Чин ва Малайзия ахиран дар нома дар нашрияи “Дониш” навиштанд: “Бояд фавран парвариши вашақҳоро зери назар гирифт, онро маҳдуд ва ҳар ҷо мумкин аст мамнӯъ кард”. 

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз кишварҳо хост назароти худро афзоиш диҳанд ва назорат ва бехатарии фермаҳои вашақпарвариро таҳким бахшанд. 

Вашақ, яъне чӣ?

Номи ду гуна аз хонаводаи росуҳо: вашақи амрикоӣ ва аврупоӣ аст, ки ҳардуи онҳо сохтори бадании лоғар ва пӯсти тира доранд. Ин ду ҷонвар аз ҷумлаи ҳайвонҳои нимаобзӣ мебошанд. Гунаи мунқаризшудаи вашақи дарёӣ низ хешованди вашақи амрикоӣ буд, аммо ба ҷусса калонтар. Баъди исботи ин ки вируси корона дар ин ҷонварон пайдо шудаву он метавонад ба шиддат ба инсон сироят кунад, барои нобудии онҳо давлатҳо иқдом кардаанд, ки дар матни боло хондем.

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАРИ ПАЖӮҲИШӢ ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС КОВИД-19:

Хуффош, панголин, бозори Вуҳон? Далеле нест. Изи коронавирус гум мешавад

Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?

Донишмандон мегӯянд коронавирус аз ҳаво ҳам сироят мекунад ва дурии масофа нақш намебозад. Пас ҳатман бояд бо ниқоб буд!

Наздик ба 18% сироятшудагон ба COVID-19 афроде ҳастанд аз 65-сола боло, 8% кӯдаконанд

Вируси короно дар либос беш аз як ҳафта боқӣ мемонад